Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали ҳукумати пешини Афғонистон муқовиматро алайҳи Толибон оғоз мекунад


Бо гузашти ҳар рӯз дарҳои ҳаллу фасли сиёсӣ миёни ҳукумати Толибон ва мухолифонаш дар ҳоли баста шудан аст. Ахиран шуморе аз афрод зери номҳои гуногун дар вилоятҳои мухталиф даст ба муқовиматҳои мусаллаҳона задаанд. Аммо тозатарин рухдод суханони Самеъ Содот, яке аз генералҳои баландпояи нерӯҳои мусаллаҳи пешини Афғонистон аст, ки мегӯяд, онҳо вазифадоранд, барои озодии Афғонистон даст ба кор шаванд.

Самеъ Содот дар як паёми савтӣ, ки бештар хитоб ба нерӯҳои амниятӣ ва дифоии ҳукумати пешин буд, гуфт, Толибон ба хости душманони Афғонистон барои фирори кадрҳо ва вайрон кардани зербиноҳо амал карданд.

Ӯ таъкид кардааст, ки пас аз Иди Фитр раванди сафарбар кардани нерӯҳои амниятӣ ва дифоӣ оғоз хоҳад шуд: "Мо барои кишварамон гомҳои амалӣ хоҳем бардошт ва дар ин қадамҳои амалӣ, фаъолиятҳои сиёсӣ, ҷунбиши маданӣ ва фаъолиятҳои мусаллаҳона вуҷуд дорад. Мутаассифона, чорае надорем. Толибон моро маҷбур кардааст, то аслиҳа ба даст гирифта ва бо зӯри силоҳ озод кунем."

Генерал Самеъ Содот чандин мақоми низомии калидиро дар замони ҳукумати пешини Афғонистон ба ӯҳда дошт ва охирин мақоми ӯ масъули умумии амнияти Кобул буд. Вай ҳамчунин фармондеҳи нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон буд.

Аммо Толибон дар вокуниш ба изҳороти Самеъ Содот гуфтаанд, агар ин гуна афрод аз афви умумӣ истифода накунанд ва даст ба коре бизананд, бо вокуниши сахт рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин хеле осон аст. Ҳар касе метавонад иддаое дошта бошад. Аммо воқеият ин аст, ки дар Афғонистон ҳеч ҷойе барои пайвастан ба мухолифон ва ё ҳамдардӣ бо ин ҷабҳа вуҷуд надорад".

Аз шакл гирифтани як ҷунбиши нави зидди Толибон дар ҳоле сухан зада мешавад, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ва баъзе дигар аз муқовиматгарон дар шуморе аз бахшҳои мухталифи Афғонистон дар ҳоли ҷанг бо Толибон ҳастанд.

Чанде пеш сармуфаттиши вижа барои бозсозии Афғонистон (SIGAR) гузориш дод, ки шуморе аз фармондеҳони пешини нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ба ҷабҳаи зидди Толибон пайвастаанд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG