Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои эҳтимолии нав алайҳи Русия дар Люксембург баррасӣ мешавад


8-уми апрели соли 2022, Киев. Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Аврупо
8-уми апрели соли 2022, Киев. Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Аврупо

Дипломати калони аврупоӣ Жозеп Боррелл гуфт, ки эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳримҳои бештар алайҳи Русия барои шурӯи ҷанги беасосаш зидди Украина вуҷуд дорад. Рӯзи 11-уми апрел дар Люксембург ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии ин ниҳод баргузор мешавад. Боррел, ки баробари расиданаш ба маҷлисгоҳ бо хабарнигорон сӯҳбат кард, гуфт, ки “таҳримҳо ҳамеша мавриди баррасӣ ҳастанд”. Ӯ афзуд, ки вазирони аврупоӣ ният доранд бо додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ Карим Кан “иқдомҳои баъдӣ” алайҳи Маскавро баррасӣ кунанд. Баъзе кишварҳо дар Иттиҳоди Аврупо пешниҳод доранд, ки нафти Русия пурра эмбарго шавад, вале бархе дигарҳо аз таъсири манфии ин тадбирҳо ба иқтисоди кишварҳои худ андеша мекунанд.

XS
SM
MD
LG