Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Покистон гуфт, ҳукумати мухолифонро қабул нахоҳад кард


 Нахуствазири Покистон Имрон Хон
Нахуствазири Покистон Имрон Хон

Нахуствазири Покистон Имрон Хон гуфт, ки дар сурати баргузории овоздиҳии адами эътимод рӯзи 9-уми апрел ҳукумати аз ҷониби оппозитсиюн ташкилшударо эътироф нахоҳад кард. Хон дар остонаи ин овоздиҳӣ гуфт, “ҳукумати содиршударо қабул намекунад” ва бори дигар ишора кард, ки талошҳо барои барканории ӯ бахше аз тавтеаи хориҷӣ мебошад. Ӯ гуфт, “ман ба мубориза тайёрам” ва аз тарафдоронаш хост, ки дар таърихи 10-уми апрел як раҳпаймоии эътирозии сулҳомез иштирок кунанд. Мухолифони узви маҷлиси поёнии парлумони Покистон дархост карданд, ки рӯзи 9-уми апрел овоздиҳии адами эътимод ба нахуствазир барпо шавад. Ин даъват баъди он садо дод, ки Додгоҳи олии Покистон талошҳои Имрон Хонро барои пароканда кардани парлумони кишвар бекор кард. Худи ӯ гуфт, ки қарори додгоҳро қабул мекунад, ҳарчанд аз он ноумед шудааст. Овозаҳое буд, ки Хон суханронии худро барои эълони истеъфояш аз мақом истифода мекунад, то ба овоздиҳии адами эътимод роҳ надиҳад. Рӯзи 7-уми апрел Додгоҳи олӣ нагузошт, ки Хон аз роҳи пароканда кардани парлумон, ки дар он ҳафтаи гузашта аксарияти тарафдоронашро аз даст дод, қудрати худро тамдид кунад. Додгоҳ гуфт, ки талошҳои Хон мухолифи конститутсияи кишвар аст ва амр дод, ки парлумон ба кораш идома диҳад.

XS
SM
MD
LG