Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"UzAuto УзАвто" содироти мошин ба Русияро қатъ кард


Ширкати мошинсозии "UzAuto Motors" Узбекистон содироти мошинҳои "GM" ба бозорҳои Русияро қатъ кардааст.

Ба иттилои расонаи Eurasianet.org, дар мошинҳои узбекии "GM Chevrolet", ки корхонаи узбекии "UzAuto Motors" истеҳсол мекунад, қисмҳои эҳтиётӣ аз Кореяи Ҷанубӣ истифода мешавад ва ин кишвар моҳи гузашта ба таҳримҳои Ғарб зидди Русия пайвастааст.

Агар "UzAuto Motors" содироти мошин ба Русияро идома диҳад, корхонаи он дар вилояти Андиҷони Узбекистон дигар наметавонад аз Кореяи Ҷанубӣ қисми эҳтиётӣ дастрас кунад.

Намояндаи GM ба "Euroasianet" гуфтааст, "UzAuto Motors" содироти мошинро ба Русия аз 9-уми март қатъ кардааст.

Таҳримҳои ИМА ва кишварҳои Аврупо, ки зидди Маскав ба иллати ҷанг дар Украина ҷорӣ шудаанд, як қатор ширкатҳои ғарбиро водор сохтанд, ки бозори Русияро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG