Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев: Қазоқистон тамомияти арзии Украинаро эҳтиром мекунад


Қосимҷомарт Тоқаев.
Қосимҷомарт Тоқаев.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, ки кишвараш "чун аксарияти кулли кишварҳои дунё" тамомияти арзии Украинаро эҳтиром мекунад. Тоқаев дар ин бора дар мақолае изҳори назар кардааст, ки рӯзи 4 апрел дар нашрияи амрикоии National Interest чоп шуд.

"Қазоқистону Русия ҳамчун ду кишваре, ки тӯлонитарин марзи заминиро дар рӯи дунё доранд, соҳиби муносибатҳои хоси дуҷониба ҳастанд. Ба илова, мо бо Украина муносибатҳои амиқи дӯстона дорем. Мо тамомияти арзии онро, мисли аксарияти кулли кишварҳои дунё, эҳтиром мекунем", - навиштааст Тоқаев.

Президенти Қазоқистон дар мақолааш ҳамлаи Русия ба Украина "ҷанг" номидааст. Дар Русия истифодаи ин калимаро нисбати рӯйдодҳои Украина манъ карда, онро "амалиёти махсуси ҷангӣ" меноманд.

Тоқаев ҳамчунин гуфтааст, умедвор аст, ки "низоъ ба таври фаврӣ ва одилона дар асоси Оинномаи СММ" ҳал шавад.

Ду соли пеш Тоқаев дар мусоҳиба бо Deutsche Welle гуфта буд: "Он чиро, ки дар Қрим гузашт, мо ғасб наменомем. Мо бар ин назарем, ки он чи ки гузашт, гузашт. "Ғасб" - ин вожаи сангине аст нисбати Қрим". Ин ҳарфҳо ҳам дар дохили Қазоқистон ва ҳам берун аз он интиқод шуданд. Дар Киев он замон суханони Тоқаевро "аламовар" ва хилофи усули ҳамкориҳои дуҷониба номида буданд.

XS
SM
MD
LG