Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани католикҳои ҷавони тоҷик ва узбек дар Самарқанд


Ҷашни милоди Исои Масеҳ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Ҷашни милоди Исои Масеҳ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Даҳҳо пайрави мазҳаби католикӣ аз Тоҷикистону Узбекистон анҷуман оростаанд. Рӯҳонӣ, Ариэл Алварес Тонкович, гуфтааст, мулоқот охири моҳи марти имсол дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд ва дар ҷараёни он 46 нафар иштирок доштанд.

"31 нафар аз Тошканду Бухоро, Фарғона ва Самарқанд омаданд, 15 кас аз Тоҷикистон," -- гуфтааст ӯ ба як сомонаи вобаста ба католикҳо.

Ба қавли Ариэл Алварес, "ин таҷрибаи бисёр мусбат буд. Мавзӯи вохӯрӣ ин буд, ки "Худо аз ҷавонони Узбекистону Тоҷикистон чӣ мехоҳад?" Онҳо суолҳои бисёр аҷиб доданд. Ба ҷойи онки мо гап занем, бештар ба талаботи рӯҳонии онҳо гӯш додем."

Ариэл Алварес афзудааст, ин мулоқоти дувум дар як соли охир буд. Интизор меравад, онҳо тобистони имсол дар истироҳатгоҳе дигарбора ҷамъ шаванд.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон 3 ҳазор пайрави фирқаи католики масеҳият будаанд. Онҳо асосан дар Тошканду Самарқанд, Бухоро ва Урганҷу Фарғона қарор доранд. Дар Ангрен (Оҳангарон), ки нақшаи бунёди ибодатгоҳро доранд, 25 пайрави католик мезистаанд.

Шумораи пайравони мазҳаби католикӣ дар Тоҷикистон то соли 2016 ҳудуди сад нафар ва асосан намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ гуфта мешуд. Омори охир дастрас нест.

XS
SM
MD
LG