Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар маркази Кобул даҳҳо нафарро маҷруҳ кард


Бозори саррофон. Акс аз соли 2011
Бозори саррофон. Акс аз соли 2011

Бино ба гузоришҳо, рӯзи 3-юми апрел дар маркази Кобул, пойтахти Афғонистон, таркиш рӯй дода, тақрибан бист касро захмӣ кардааст.

Сабаби таркиш дар ҳоли ҳозир рӯшан нест. Мақомоти Толибон дар ин бора чизе нагуфтанд.

Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" аз қавли яке аз шоҳидон гуфт, таркиш дар дохили бозоре рух додааст, ки дар онҷо саррофон кор мекунанд. Ба қавли ӯ, ҳангоми таркиш бозор баста буд.

Толибон ҳафт моҳ пеш қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд. Аз он замон то кунун ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

Онҳо иддао доранд, ки дар саросари Афғонистон чораҳои амниятиро тақвият бахшидаанд.

Таркиш пас аз як рӯзи оғози моҳи Рамазон рӯй дод.

XS
SM
MD
LG