Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Холиқназар Ҷумъаев: Танзҳоро аз зиндагии мардум мегирам. САДО


Холиқназар Ҷумъаев
Холиқназар Ҷумъаев, рӯзноманигори тоҷик, ки бо танзҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф аст, 1-уми апрел, дар рӯзи ханда, гуфт, ки ҳаҷвро аз суҳбат бо мардум мегирад. "Ҳарчанд китобу барномаҳои ҳаҷвӣ хеле кам аст, ҳаҷв миёни мардум хеле зиёд аст. Бо мӯйсафедҳо мешинед, шӯхиву танз мегиред. Дар ҷое онро навишта мегирам ва ба хона омада, латифаи нав менависам," – гуфт ӯ.

Радиои Озодӣ: Дар канори фаъолияти расмиатон дар як ширкати мухобиротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри танзҳо шуҳрат ёфтаед. Аз чӣ замоне ба ҳазлу шӯхиҳо рӯй овардед?

Холиқназар Ҷумъаев: "Ҳанӯз дар замони корам дар ҳафтаномаи "Фараж" ба навиштани танз оғоз карда будам. Қисме аз навиштаҳоямро соли гузашта дар китоби "Биё, ки фолат бинам" нашр кардам. То охири имсол бояд китоби дувумам низ чоп шавад."

Радиои Озодӣ: Ба фикратон, ҳоло мардум дар чӣ мавзуъҳо шӯхӣ карда, танз эҷод мекунанд?

Холиқназар Ҷумъаев: "Ба фикри ман, ҳоло ҳаҷв фарогири ҳама мавзуъҳо аст. Ҳатто мавзуъҳои ҷиддие, ки имкони навиштани онҳо ғайримумкин аст. Дар мавзӯи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ё ишқӣ. Дар робита ба ҳама паҳлуҳои зиндагӣ бо ҳар роҳе шӯхӣ карда мешавад."

Радиои Озодӣ: Ҳоло мардум дар заминаи иқтисодӣ, муҳоҷират, интиқоли пул бо мушкилиҳое рӯбарӯ ҳастанд. Шумо дар ин бора дар миёни мардум чӣ шӯхиҳои тозаеро пайдо кардаед?

Холиқназар Ҷумъаев: "Имрӯз якуми апрел аст. Агар ба бозор рафта, нархи маҳсулотро шунида, илова кунед, ки баногаҳ моро фиреб надиҳед. Фурӯшанда посух медиҳад, ки барои мо ҳар рӯз якуми апрел аст."

Суҳбат бо Холиқназар Ҷумъаев дар бораи ханда
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Аммо дар зиндагии оддии мардум низ шӯхиҳои намакин кам нестанд. Лутфан, барои хонандаву шунавандаҳои мо аз ин латифаҳо мегуфтед.

Холиқназар Ҷумъаев: "Шӯхиҳои ман аслан аз саволу ҷавоб бо падарам оғоз шуда буданд. Як шӯхие дорам бо номи “занкрот”. Як-ду сол дар муҳоҷират дар Маскав будам ва бо пули хеле кам ба хона баргаштам. Падарам аз куҷое шунидаанд, ки гуё ман дар Русия зан гирифтаам. Назди падар омада, ба дасташон пули камтаре дода, гуфтам, ки падарҷон, имсол ман банкрот шудам. Падарам хандида гуфтанд, ки бачам, аз рӯи шунидам ту банкрот не, занкрот шудаӣ... Шумо аз Радиои Озодӣ ҳастед?"

Радиои Озодӣ: Бале.

Холиқназар Ҷумъаев: "Дар мавриди Радиои Озодӣ ҳам ман шӯхие дорам."

Радиои Озодӣ: Бифармоед.

Холиқназар Ҷумъаев: "Агар пештар бо нафаре вомехӯрда, мегуфтед, Шуморо дар радио дидам, фикр мекардед, ин шахс дашном медиҳад ё аслан дар ҷое надидааст. Вале ҳоло агар гӯянд, Шаҳлои Гулхоҷаро дар Радиои Озодӣ дидем, ҳеч ҷойи шубҳа надорад. Зеро ҳар рӯз Шаҳлоро дар Радиои Озодӣ мебинем. Пас, дар радио ҳам дида мешудааст-ку."

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG