Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳунарпешаи шинохта мегӯяд, ханда давост, аммо эҳтиёт аз вирус муҳимтар


Нурулло Абдуллоев мегӯяд, мардум бояд эҳтиёт кунанд.

Нурулло Абдуллоев, ҳунарпешаи шинохтаи Тоҷикистон мегӯяд, мардум бояд ҳоло беш аз ҳар вақти дигар дар андешаи сиҳатии худ бошанд ва тавсияи табибонро ҷиддӣ бигиранд. Ӯ айни замон гуфт, хушбин будан, яке аз роҳҳои солим мондан аст.

Радиои Озодӣ дар остонаи 1-уми апрел, Рӯзи ханда бо Нурулло Абдуллоев, ки монологнависи моҳир низ ҳаст, сӯҳбате анҷом дод.

Радиои Озодӣ: Дар ҳоле, ки мардуми Тоҷикистон аз эҳтимоли сирояти бемории КОВИД 19 нигарон аст, ба сокинон чӣ машварат медиҳед?

Нурулло Абдуллоев: “Ин вабо ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад ва машварати ман ба сокинони кишвар ин аст, ки бештар дар фикри эҳтиёти худ бошанд. Муҳим ба ин ҷаҳон бо назари некбинона нигаранд. Агар аз лиҳози хандаву шӯхиҳо бошад, мегӯянд ханда худ даво аст ва инсонро табобат мекунад. Барои ҳамин ман ҷонибдори он ҳастам, ки мардуми мо некбинии худро аз даст надиҳанд.

Радиои Озодӣ: Ҳаҷв то чӣ ҳад метавонад, дар ҷилавгирӣ аз сирояти беморӣ мусоидат кунад?

Нурулло Абдуллоев: “Албатта, тозагиву гигиена ба ҳазлу шӯхӣ дахл надорад, ин як амри доимӣ аст. Аммо, тозагии ботинӣ амри зарурӣ мебошад, зеро дар ин рӯзҳо тоҷирон нархи маводи ғизоиро ончунон боло бурданд, ки ҳатто одами сиҳат онҳоро дида, бемор мешавад. Истифода аз вазъ барои боло бурдани нархҳо худ кори хеле бад аст. Бо вуҷуди ин аз тариқи ҳазлу шӯхӣ бояд ба мардум фаҳмонд, ки ин беморӣ ба ҳама баробар, новобаста аз шоҳу гадо оддӣ буданаш, харидору фурӯшанда буданаш таъсир мерасонад. Худо накунад, вале ҳама метавонад мубталои ин беморӣ гардад. Дар чунин ҳолат иттифоқ ё ваҳдати мардум метавонад нақши ҷолибе дошта бошад. Чунин мисолҳоро мо дар кишварҳои дигар зиёд мушоҳида мекунем. Мисол, ҷавонписари тоҷике аз айвони хонааш дар Милани Италия барои сокинон суруд мехонад. Чунин коре бояд дар кишвари мо низ бошад.”

Радиои Озодӣ: Дар шароити феълӣ бештаре аз кишварҳои ҷаҳон аз баргузории маросимҳои серодам худдорӣ мекунанд. Аммо, дар Тоҷикистон маросимҳои наврӯзиву тамошои намоишномаҳо дар театрҳо сурат мегиранд. Ин кор дуруст аст?

Нурулло Абдуллоев: “Бемории коронавирус дар Тоҷикистон расман ошкор нашудааст. Фарзандону набераҳои мо тибқи маъмул ба мактаб мераванд, театрҳо низ фаъол ҳастанд, зеро дар мо расман карантин эълон нашудааст. Намедонам, ин хуб аст ё бад, аммо театр дар ин замина қонунеро вайрон накардааст. Он чизе, ки ба мо мефармоянд, мо онро дар театр иҷро мекунем. “

Радиои Озодӣ: Магар беҳтар нест, ки мақомот барои муддате аз баргузории чунин маросимҳои серодам худдорӣ кунанд? Ё шумо фикри дигар доред?

Нурулло Абдуллоев: “Ба мисли тамоми сокинони кишварҳои дигар ман низ албатта ҷонибдори он ҳастам, ки мардум дар маросимҳои серодам ҷамъ нашаванд. Ҳарчанд дар кишвари мо тасмими эълони карантин гирифта нашудааст, вале ман тарафдор ҳастам, ки мардум бештар эҳтиёткор бошанд. “

Радиои Озодӣ: Дар як соли ахир шумо чӣ латифа ё ибораи намакине шунидаед?

Нурулло Абдуллоев: “Мардуми тоҷик дар ҳар ҳолат шӯхиву танзро фаромӯш намекунад. Як ҳолати хандаовар ин буд, ки корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ мошинеро манъ карда, нишон додани ҳуҷҷати ронандагиро талаб мекунад. Ронанда ба ҳуҷҷат нахуст сурфа карда, сипас онро ба ӯ дароз мекунад. Милиса ҳайрон мешаваду мегӯяд, ба ман ин ҳуҷҷат не, шиноснома даркор аст. Ронанда ба шиносномааш низ сулфа карда, ба дасти милиса доданӣ мешавад.

Корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ мегӯяд, ки аз мошин берун баро, рафта, аз дохили мошинаш ҳазориспандро дуд карда, болояш ҳуҷҷати ронандаро чарх мегардонад ва сипас онро аз назар мегузаронад. Ин мисол аз он далолат медиҳад, ки мардум ҳатто дар вазъияти душвор низ танзро фаромӯш намекунанд. Александр Пушкин як пйесае дорад, ки номаш “Базм ҳангоми вабо” ва ин асар нишон медиҳад, ки ҳазлу танз дар ҳама замон яке аз роҳҳои шифо ёфтани мардум аз бемориҳову мушкилот будааст.

Мардуми тоҷик низ аз воҳимаи коронавирус бо афзоиши осмонии нархи орд рӯ ба рӯ шуданд, вале барои сокинони Тоҷикистон ин амр дарси ибрат намешавад. Хонаи ман дар назди бозор аст ва рӯзҳои ахир дар хона мегӯям, ки ман ба бозор надаромада, хона омадам. Ба оилаам мегӯям, ки аз тарси коронавирус ба бозор надаромадам. Вале дар асл нархҳо чунон боло рафтаанд, ки ман наметавонам барои хонавода як кило гӯшт бихарам. Ҳатто тарс аз он дорам, ки худи қассоб гирифтори беморие набошад.”

Радиои Озодӣ: Манзуратон, бемории коронавирус аст?

Нурулло Абдуллоев: “Бале. Аммо, болоравии нархҳо чунин аст, ки ҳатто нафақапуливу маошам барои хариди гӯшт дар бозор барои набераҳоям кофӣ нест. Ҳарчанд зиёд бозоргард нестам, вале устодам Тоҳирӣ мегуфтанд, ки ҳар чӯб ду сар дорад. Ҳунармандони мошинсавори театр ҳамеша аз пиёдагардон шикоят мекунанд, ки аз роҳ бо нози зиёде мегузаранд. Аммо, пиёдагардҳо пайваста аз ронандаҳо шикоят мекунанд, ки онҳоро дар роҳ нодида мегиранд. Дар бозор низ чунин ҳолат мушоҳида мешавад, ки тоҷир дар фикри моли худ ва харидор дар фикри дарёфти моли арзон аст. Яъне, мо ҳамеша гаҳе зинсаворему гаҳе зин ба пушт. Дар бозор низ ҳам дузд ва соҳиби мол ҳамеша ба Худо муроҷиат мекунанд, аммо ҳадафҳои гуногун доранд. Яке худо гуфта, илтиҷо мекунад, ки ба даст наафтад ва дигарӣ Худо гуфта, ба яғмо нарафтани молашро талаб мекунад.”

Ҳолнома: Нурулло Абдуллоев 6 -уми ноябри соли 1948 дар деҳаи Лучоби болои ноҳияи Варзоб таваллуд шуда, мактаби миёнаро дар ҳамин деҳа хатм кардааст. Баъд аз хатми мактаб ба факултаи санъати Донишкадаи омӯзгорӣ дар Душанбе дохил шуда, сипас Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Донишкадаи санъати Тоҷикистон дар заминаи факултаи санъати Донишкадаи омӯзгорӣ таъсис шуда буд. Баъд аз хатми донишкада аз соли 1975 дар Театри ба номи Лоҳутӣ ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон фаъолият дорад. Соли 2005 унвони ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро гирифт.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG