Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коргаронеро, ки талаби маоши бештар доштанд, ба додгоҳ кашиданд


Акс аз 5-уми январи 2022
Акс аз 5-уми январи 2022

Дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистауи Қазоқистон муассисаи давлатии "Озенэнергоинвест" 67 коргари ин корхонаро ба додгоҳ кашид, ки бо талаби маоши бештар корпартоӣ карда буданд.

Муассисаи мазкур, ки ба таъмини шаҳри Жанаозен бо нерӯи барқ машғул аст, гуфтааст, корпартоии коргарон ғайриқонунӣ аст.

Бештар аз 100 коргар аз 28-уми март паси дари "Озенэнергоинвест" корпартоӣ доранд. Онҳо аз корхона маоши бештар талаб мекунанд.

"Озенэнергоинвест" нисбати 67 коргар аз миёни касоне, ки корпартоӣ кардаанд, ба додгоҳ шикоят бурдааст. Роҳбарияти корхонаи мазкур мегӯяд, бидуни гарон кардани тарофаҳои неруи барқ наметавонанд, ба коргарон маоши бештар диҳанд.

Дар Жанаозени Қазоқистон аз ибтидои соли ҷорӣ корпартоии ширкатҳои мухталиф бо талаби афзоиши маош чанд маротиба сурат гирифт. Дар бархе ҳолат талаби коргарон қонеъ шуд, аммо дар бархе ҳолати дигар корфармоҳо аз қонеъ кардани талаби коргарон худдорӣ варзиданд.

XS
SM
MD
LG