Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти эътирозгарон дар назди консулгарии Чин


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пулиси шаҳри Алмато рӯзи 29-уми март гуруҳи одамонеро дастгир кард, ки бо талаби қатъи таъқиб ва раҳоии наздиконашон аз боздоштгоҳҳои минтақаи Шинҷон дар назди консулгарии Чин гирди ҳам омада буданд.

"Вақте ба назди консулгарӣ наздик шуданд, намояндаи шаҳрдорӣ гуфт, корашон ғайриқонунӣ аст. Дар ҳоле ки занон 15 рӯз пеш ба шаҳрдорӣ рафта, ба номи шаҳрдор нома навишта буданд. Онҳо дар номаи худ огаҳ карда буданд, ки то наздиконашон аз Шинҷон баргардонида нашаванд, аз назди консулгарӣ дур намешаванд. Мутаассифона, пулис онҳоро дастгир кард," -- хабар дод яке аз фаъолони мадании қазоқ бо номи Байболат Кунболатулӣ.

Талошҳои хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ барои дарёфти назари пулиси Алмато дар ин замина бенатиҷа буданд.

Байболат Кунболатулӣ пештар низ аз боздошти як гуруҳи одамони дигар хабар дода буд, ки бо талаби баргардондани наздиконашон аз Шинҷон ба назди консулгарии Чин рафта буданд.

Қазоқтабороне, ки пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато ҷамъ мешаванд, мегӯянд, пайвандони онҳоро дар "урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон нигаҳдорӣ мекунанд". Бархеи дигар иддао доранд, ки пайвандонашон дар Чин бе айбу асосе ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Гуруҳи севум даъво доранд, ки мақомоти Чин ҳуҷҷатҳои пайвандонашонро мусодира карда, ба онҳо иҷозаи тарки Чинро намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG