Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои муҳоҷире, ки пулиси русро лагад зад, сабук мешавад? ВИДЕО


Бародарон Саидакрам ва Умар

Мақомоти тафтишотии Русия гуфтаанд, зарбаи лагади яке аз ду бародарони боздоштшуда аз Тоҷикистон ба маъмурони пулиси рус дар дохили метрои Маскав ба “ҳаёт ва саломатӣ”-и онҳо “зарари ҷиддӣ” нарасондааст.

Як манбаи огоҳ аз парванда 29-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ду ҷавонро акнун танҳо ба “истифодаи зӯр нисбат ба намояндаи ҳукумат” муттаҳам мекунанд, ки ҷазои сабуктар, яъне ҷарима ё аз 6 моҳ то 5 сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Ташхис нишон додааст, ки пулиси рус зарари вазнин надидааст, дар акси ҳол ба бародарон ҷазои сахттар таҳдид мекард.

Чӣ гузашт?

Саидакрами 21-сола ва Умари 18-сола, бародарон аз Тоҷикистон, рӯзи 17-уми феврали имсол дар истгоҳи метрои “Тулская” ба кормандони пулис дарафтоданд. Дар наворе, ки расонаҳои Русия аз маҳалли ҳодиса гуфтаву нишон доданд, дида мешавад, ду пулис як ҷавонро ба шикам хобонда, кӯшиши бастани дастонашро доранд. Дар ҳамон вақт ҷавони дигар аз дур давида, ба маъмурони пулис ҳамла мекунад.

Айбномаи ду муҳоҷири тоҷики муттаҳам бо ҳамла ба афсарони рус сабуктар шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Дар наворе, ки расонаҳои русӣ ҳангоми боздошти бародарон нашр карда буданд, осори латукӯб дар чеҳраи онҳо дида мешуд. Ҳоло се вакили мудофеъ аз ҳаққи онҳо ҳимоя мекунанд. Расулҷон Чориев, падари онҳо, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта дар боздоштгоҳ писаронашро дидааст.

“Бовар дорам, ки ҷазои сабуктар мегиранд. Дар вақти ба тафтишот овардан, онҳоро дидам, вазъашон аз дур хуб менамуд. Адвокатҳо вомехӯранд, мегӯянд, ки хуб ҳастанд,” –нақл кард ӯ.

Расулҷон Чориев гуфт, рӯзи ҳодиса писараш Саидҷон бо корманди пулис, ҳангоме мехост, санадҳояшро тафтиш кунад, баҳси ҳуқуқӣ кардааст. Вай аз корманди пулис ҳуҷҷат ва сабаби тафтишро пурсидааст, аммо кормандони милиса дастони ӯро тоб дода, ба замин афтондаанд.

“Дасташ шикаста буд ва ҳанӯз пурра соз нашуда буд. Ҳамон дасти маъюбашро тоб додаанд, ки Саидҷон ба тамоми ҳастиаш дар дохили метро дод задааст. Додараш ин ҳолатро дида, тоб наовардааст ва хоста, ки бародарашро аз чанги кормандони пулис раҳо кунад,” -- гуфт ӯ.

Падар мехоҳад...

Расулҷон Чориев гуфт, додгоҳ бояд ин ҳолатро ба эътибор бигирад, ки дар ибтидо пулис бесабаб писари маъюбашро ба замин хобонда, азият додааст. Ӯ гуфт, тафтишот ҳоло давом дорад ва моҳи апрел мурофиаи додгоҳӣ оғоз хоҳад шуд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, ҳодисаро пайгирӣ доранд ва ба наздикони ҷавони боздоштшуда ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд. Падари ин ду ҷавон гуфт, аз се адвокате, ки писаронашро ҳимоят мекунанд, якеро сафорати Тоҷикистон фиристодааст.

Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши корбаронро ба бор овард. Аксарият рафтори милисаҳои Русияро маҳкум карданд, ки бо як шеваи нодуруст ба муҳоҷирон бархӯрд мекунанд. Бархе ҳам гуфтанд, ки набояд муҳоҷир бо чунин шева ба милиса ҳамла мекард.

Гузашта аз ин, дағалӣ ва бадрафтории милисаҳои рус бо муҳоҷирони тоҷик борҳо расонаӣ шудааст. Наворҳои зиёде ҳам фиристода шудааст, ки нишон медиҳад, кормандони пулиси Русия бо як дағалӣ муҳоҷиронро боздошт ва озор медиҳанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG