Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вақте Русия дар соли 2015 ба ҷанг ҳамроҳ шуд" ВИДЕО


Неруҳои Русия дар Сурия дар соли 2019

Сокинони Идлиб, яке аз минтақаҳои Сурия, ки бо гузашти 11 сол аз оғози даргириҳо ҳанӯз аз гирдоби ҷанг берун нашудааст, бо мушоҳидаи рӯйдодҳои Украина мегӯянд, Маскав аз ҳамон шеваҳое истифода мекунад, ки дар Сурия мекард. Сокинони ранҷкашидаи Идлиб аз он нигаронанд, ки украиниҳоро сарнавишти онҳо интизор аст.

Ёздаҳ соли ҷанг Сурияро вайрон ва фақиру бесубот кард. Як қисми зиёди кишвар ҳоло зери назорати ҳукумати президент Башор Асад аст. Дар Идлиб вилояте бо аҳолии 4-миллионнафарӣ, нисфе аз сокинони он маҷбур шуданд, хонаҳояшонро тарк кунанд.

Мардуми маҳаллӣ то ҳанӯз парчами инқилоби Сурияро боло мебардоранд ва орзу доштанд, ки дар оғози эътирозҳои “Баҳори араб” дар соли 2011 ба демократия мерасанд. Орзуе, ки ба гуфтаи мардуми аз оташи ҷанг наҷотёфта, ба як даҳшат табдил ёфт ва то ҳанӯз идома дорад.

“Мо наметавонем, ҳолатро пурра тасвир ё дарк кунем. Кӯдакон нимашаб аз хоб бедор мешуданд, то фирор кунанд, ҳатто дар ҳавои сарди зимистон, онҳо аз тарсу хунукӣ гиря мекарданд. Вақте бомб метаркад, онҳо гушҳояшонро бо даст медоранд.”мегӯяд, Ноҳида Ҳиндавӣ, сокини Идлиб.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Вақте Русия ба ҷанг ҳамроҳ шуд"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Наҷотбахшон мегӯянд, вақте Русия дар соли 2015 ба ҷанг ҳамроҳ шуд, ҳамлаҳо дар ин кишвар бераҳмонатар ва харобиовартар шуданд. Тамоми шаҳрҳо дар муҳосира қарор гирифтанд. Сокинони Сурия бо таваҷҷӯҳ ба ҳодисаҳое, ки дар Украина рух медиҳад, мегӯянд, аз он нигаронанд, ки ин ҷанг барои сокинони осоиштаи ин кишвар ҳам паёмадҳои фалокатбор хоҳад дошт, мисли роҳ ёфтани силоҳҳои вазнин ба маҳалҳои зисти мардум.

Исмоил-ал-Абдуллоҳ, як ихтиёрӣ дар Сурия мегӯяд: “Таъсири бомбҳои хӯшаӣ то ҳанӯз дида мешавад. Як ё ду сол баъд аз таркиши ин бомб кӯдакон метавонанд, онро бозича фикр карда ба даст гиранд ва битарканд. Ҳамин ҳолат ҳоло рух дода истодааст.”

Русия, яке аз чанд кишварест, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ нерӯҳояшро ба Сурия интиқол дод ва дар натиҷа сабаб шуд, ки нисфе аз аҳолии ин кишвар бехонаву дар ва ним миллион инсони дигар кушта шаванд. Маскав иддао мекунад, ки ба ҷанги Сурия барои мубориза бо тероризм ва кӯмак ба ҳукумат ҳамроҳ шуд.

Абу Баҳр маҳалли зисти худро аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ назорат мекунад ва мардумро аз ин ҳамлаҳо огоҳ мекунад. Ӯ мегӯяд, онҳо бар асоси навъи аслиҳа ва шеваи ҳамла, муайян мекунанд, ки ҳамла аз сӯйи ҳукумати Сурия сурат гирифтааст ё низомиёни Русия: "Ҳавопаймоҳои Русия бомбҳо ва мушакҳои пуриқтидору замонавӣ доранд, ки метавонанд, тамоми минтақаро хароб кунанд."

Хонаводаҳо дар Идлиб умед надоранд, ки рӯзе аз оқибатҳои руҳиву ҷисмонии ин ҷанг раҳо шаванд. Бархе аз ҷасадҳо дар ин ҷо ҳанӯз ба хок супурда нашудаанд.

Ноҳида Ҳиндавӣ, сокини Идлиб, бо таасуф мегӯяд: “Ҳамин ҳоло, ҷасади як зани маҳалла дар ин ҷо аст, ки соли гузашта зимни бомборон шудани манзилаш зери харобаҳо монда буд.” Ӯ ҳукумати Сурия ва муттаҳидонаш, аз ҷумла Русияро дар ранҷу азобҳои мардум гунаҳкор медонад. Ҳамчунин ҷомеаи ҷаҳониро ба беэътиноӣ ба ин ҳама бедодгариҳо айбдор мекунад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG