Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба театри Маруипол 300 кас кушта шудааст


Театри Мариупол пас аз ҳамла
Театри Мариупол пас аз ҳамла

Мақомоти Мариупол гуфтанд, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Русия ба бинои театр дар ин шаҳр, дар ҷануби Украина, дастикам 300 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Ҳамла 18-уми марти имсол сурат гирифт.

Шӯрои шаҳрии Мариупол рӯзи 25-уми март дар Телеграм хабар дод, ки тақрибан 1200 ғайринизомӣ дар ин бино пинҳон шуда буданд, то аз ҳамлаҳои Русия эмин бимонанд.

Дар идома гуфта шудааст, ки "ҳеч касе чунин хабари нороҳаткунандаро бовар карда наметавонад."

Ба гуфтаи мансабдорони Украина шуморе аз кӯдакон ҳам дар бомбаборони театри шаҳри Мариупол кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG