Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский аз Ғарб барои фишор ба Русия сипосгузорӣ кард, аммо гуфт, "ин иқдомҳо каме дер буд"


Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина.

Дар ҳоле ки ҳамлаи бедалели Русия ба Украина вориди моҳи дувум шуд ва даргириҳо ҳанӯз идома доранд, кишварҳои ғарбӣ маҷмӯи дигаре аз таҳримҳоро алайҳи Русия ҷорӣ карданд ва айни замон ваъда доданд, ки ба Киев кумакҳои низомӣ мекунанд.

Владимир Зеленский, президенти Украина, рӯзи 24-уми март дар суҳбати видеоӣ аз НАТО ва Иттиҳоди Аврупо барои ҳимоят аз Украина ва ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия ташаккур кард, аммо ибрози таассуф намуд, ки дар талош барои пешгирӣ аз ҳамлаи Русия дер иқдом карданд.

Ӯ афзуд, "каме дер буд... фурсате вуҷуд дошт" ва агар таҳримҳои боздоранда ҷорӣ мешуд, шояд Русия вориди ҷанг намешуд.

Сарони кишварҳои узви паймони НАТО, "Гурӯҳи 7" ва 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо рӯзи 24-уми март дар Брюссел таҳримҳои нав зидди Русия ва бастаи кумакҳои навро барои ҳимоят аз Украина эълон карданд.

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ки ёрии якмиллиарддолларӣ барои Украина эълон кард, дар назар аст, рӯзи 25-уми март пеш аз сафар ба Лаҳистон барои дидор бо сарони он кишвар, бо президенти Кумисюни Аврупо мулоқот кунад.

Сафари Байден ба шаҳраки Ржежов дар 80-километрии марзи Лаҳистон бо Украина дар назар гирифта шудааст.

Муовини нахуствазири Украина Ирина Верешчук изҳори умед кард, ки рӯзи 25-уми март долони амне барои хуруҷи ғайринизомиён аз шаҳри Мариупол боз мешавад. Ин шаҳр аз чанд ҳафта ба ин тараф дар муҳосира қарор дорад.

Дар хатти ҷабҳа, нерӯҳои украинӣ иддао карданд, ки нерӯҳои русиро дар чанд минтақаи атрофи Киев ба ақиб ронданд ва гуфтанд, як киштии нерӯҳои баҳрии Русияро, ки дар Баҳри Азов дар наздикии Мариупол лангар андохта буд, аз байн бурданд.

XS
SM
MD
LG