Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони шаробфурӯш дар Эрон: "Кори хатарнок аст, вале ба мардум шодӣ мефурӯшем" ВИДЕО


Бо гузашти чиҳил сол аз мамнуъ будани фурӯшу истифодаи машрубот дар Эрон, бозори шаробсозӣ дар ин кишвар гарм шудааст. Тиҷорати ғайриқонунӣ, аммо ривоҷёфтаи шаробфурӯшӣ дар Теҳрон дар дасти занон аст. Бо омода кардани шаробу фурӯши он занон дар ин шаҳр зиндагии худро мечархонанд.

Яке аз онҳо бо шарти фош нашудани ном гуфт, “чӣ шаробе аст. Чизе, ки ҳоло мебинед, ягон таркиби иловагие ба он ҳамроҳ нашудааст. Холису тоза аст. Шароби ноб аст.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Шаробкашиву шаробфурӯшӣ дар Эрон ривоҷ ёфтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Дар Эрон фурӯш ва истифодаи машрубот аз замони инқилоби исломӣ дар соли 1979 манъ аст. Шаробу арақу майро дар бозори сиёҳ ва ғайриқонунӣ мефурӯшанд. Аксар тавлидкунандагони он занонанд.

“Ман мушкили молӣ доштам. Корҳои дигаре ҳам кардам, аммо ягонтои он натиҷаи хуб надошт. Як бор ин корро анҷом додам, дидам, фоидаи хуб дорад. Баъд идома додам ва ҳамин тавр муштариёнро ҷамъ кардам. Таъмаш хеле хуб аст, мардум истиқбол мекунанд. Чун машруботи брендӣ дар шишаҳо тақаллубӣ аст, мардум аз истифодаашон метарсанд. Барои ҳамин ба арақу шароб рӯ оварданд,” – гуфт яке аз занон дар Теҳрон.

Зани дигаре, ки номи мустаораш Фарида аст, мегӯяд, қаблан бофандагӣ мекард, аммо мушкилоти иқтисоди сабаб шуд, то тағйири шуғл кунад.

Ӯ афзуд: “Ман зане ҳастам, ки дар ин давлат ҳеч шуғл надорам, ягон манбаи даромад надорам. Ман ҳатто як бима надорам, ки бигӯям, ояндаи ман дар ин мамлакат таъмин мешавад. Ба ин кор рӯй овардам. Дар Аврупо ин шуғли хуб ҳисоб мешавад, аммо дар Эрон мамнуъ аст. Маҷбур будам ба ин кор рӯ орам, ки ҳадди ақал зиндагиамро каме таъмин кунам.”

Занони шаробкаш мегӯянд, зиндагии ноорому пуртарс доранд. Ба нақли яке аз онҳо, “тавлиду истифода ва фурӯхтани машрубот мамнуъ аст инҷо. Вақте ба даст меафтӣ, ба мушкили бузург дучор мешавӣ. Дар ин муддате, ки дар ин соҳа кор мекунем, маъмурони зиёдеро бо пул мехарем.”

“Агар шароит медоштам, мехостам, як кори камстрессе бикунам. Ҳар боре ба ин кор шуруъ мекунам, воқеан стресс мегирам. Як кас дарро бизанад, аз ҷоям мепарам. Фикр мекунам, омаданд, мебаранд,” – гуфт зани дигаре.

Ин занон мегӯянд, бо заҳмати зиёд ва бо тарсу ҳарос, бо таҳияву фурӯши шароб ба мардум шодӣ мебахшанд.

“Мардум шодиро дӯст медоранд. Дар ҷомеаи мо, ки на тафреҳ вуҷуд дорад, на имконоти дигаре барои ҷавонон, танҳо тафреҳ ин шудааст, ки ҷамъ шаванду як-ду стакон шароб нӯшанду бирақсанд. Пас, кори мо фурӯши шодӣ аст,” – хулоса кард яке аз шаробкашон дар Теҳрон.

XS
SM
MD
LG