Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

BBC: Даҳҳо маъмури пулисро ба далели ҳимоят аз Навалний аз кор рондаанд


Аз моҳи декабри соли 2021 то ин дам, ҳадди ақал сад маъмури пулисро дар Русия ба далели кумак ба тарҳҳои мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний аз кор рондаанд.

Ба иттилои манобеи Би-Би-Сӣ, дар Волгогради Русия 17 коргари пулис, дар вилояти Ярославл бештар аз 30 коргар, дар Перм 22 коргар, дар вилояти Томск 30 ва дар вилоятҳои дигари Русия чанд коргари пулис бекор мондаанд.

Андрей Коряев, як коргари пулис аз Нижний Тагил, гуфт, аз дӯстонаш фаҳмидааст, ки ба хотири обуна будан ба саҳифаҳои Навалний аз кор ронда шуд.

Ба иттилои манбаи Би-Би-Сӣ, коргаронеро, ки аз тарҳҳои Навалний ҳимоят мекунанд, Хадамоти федеролии амнияти Русия пайдо ва рӯйхатро ба минтақаҳо мефиристад.

Соли 2021 мақомоти Русия сохторҳо ва тарҳҳои марбут ба сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалнийро тундгаро эълон карданд.

Навалний дар зиндони вилояти Владимири Русия дар ҳабс аст. Додгоҳ рӯзи 23-юми март ӯро бо гуноҳи қаллобӣ ва таҳқири додрас ба 9 сол ҳабс маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG