Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як корбари TikTok барои акси таҷҳизоти низомии Украина


Дар Украина як корбари шабакаи иҷтимоии Тик-Тикро дастгир карданд. Ӯ дар наворе ҷои ҷойгиршавии техникаи низомиро дар Киев намоиш додааст.

Мақомоти Украина мегӯянд, низомиҳои Русия барои зарбаи мушакӣ задан ба маркази тиҷоратӣ, ки нерӯҳои украинӣ онҷо ҷойгир буданд, аз навори корбари Тик-Ток истифода кардаанд.

Шаби 20-уми март дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ ба ноҳияи Подолски шаҳри Киев чанд қабати маркази тиҷоратии "Ретровилл" ва мошинҳои канори марказ оташ гирифтанд.

Дар натиҷаи ин ҳамла ҳашт кас кушта шуд.

"Оё ин корбар наворро барқасдона нашр кардааст ё на, тафтишот муайян мекунад. Хоҳиш аз ҳамаи шаҳрвандон: дар бораи ҳаракати техникаи низомӣ, иншооти низомӣ ва натиҷаи зарбаҳои душман иттилоъ нашр накунед! Бадкорон метавонанд, онро барои зарбаҳои баъдӣ истифода кунанд," -- омадааст дар хабари Хадамоти амнияти Украина.

Вазорати мудофиаи Русия гуфт, ки дар натиҷаи зарба ба маркази тиҷорӣ дар Киев анбори аслиҳа ва низоми мушакии марбут ба нерӯҳои Украина нобуд карда шудааст.

XS
SM
MD
LG