Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IQAir ҳавои Душанберо яке аз "олудтаринҳо" донист


Душанбе, акс аз бойгонӣ
Душанбе, акс аз бойгонӣ

Cозмони IQAir, қароргоҳаш дар Швейтсария, пойтахти Тоҷикистонро яке аз чаҳор шаҳри ҷаҳон номбар кард, ки ҳаво дар онҷо башиддат олуда ё нопок аст.

Дар гузориши "World Air Quality Report" сифати ҳаворо дар соли 2021 пешниҳод карданд. Ин гузориш бар асоси баррасии вазъи ҳавои 6475 шаҳр дар ҷаҳон асос ёфтааст.

Бар пояи ин феҳрист, шаҳрҳои Деҳлӣ (Ҳиндустон), Дакка (Бангладеш) ва Нджамена (Чад) дар садри пойтахтҳои ҳавояшон нопоктарини дунё қарор доранд.

Тибқи ин гузориш, Масқат (Умон), Катманду (Непал), Манама (Баҳрайн), Бағдод (Ироқ), Бишкек (Қирғизистон) ва Тошканд (Узбекистон) мутаносибан дар радифи даҳ пойтахти ҳавояшон олуда дар дунё ҷой гирифтаанд.

Ин гузориш ҳамзамон Бангладеш, Чад, Покистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Умон, Қирғизистон, Баҳрайн, Ироқ ва Непалро олудатарин кишварҳои ҷаҳон ном бурдааст.

Шаҳри Душанбе дар баландии 800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Ба тасвири бисёриҳо мавқеи пойтахти Тоҷикистон ба гунаи дегдонест, ки аз се самт дар иҳотаи кӯҳсор қарор дорад ва вазидани бодҳо аҳёнан эҳсос мешавад.

Ин шаҳр бо назардошти мавқеи ҷуғрофиаш аз лиҳози олудашавии ҳаво осебпазир гуфта мешавад. Сокинон солҳои охир аз чангу хок гирифтани хонаҳояшон ва дуди ғализ дар фазои шаҳр шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG