Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 21 киштии соҳибкорону ширкатҳои русӣ дар Финландия


Киштии мутааллиқ ба Роман Абрамович
Киштии мутааллиқ ба Роман Абрамович

Гумруки Финлания 21 яхта ё киштии хусусии соҳибкорон ва ширкатҳои русиро боздошт кардааст.

Дар ин бора нашрияи Helsingin Sanomat хабар дода, навиштааст, агар идораи гумрук тасдиқ кунад, ки ин киштиҳо ба шахсони зери таҳримҳои Ғарб тааллуқ доранд, масдуд карда мешаванд.

“Рейтерс” хабар дод, ки дар Гибралтар, киштии "Аксиома"-и миллиардери рус Дмитрий Пумпянск боздошт шудааст. Номи ин олигархи рус дар феҳрасти шахсони мавриди таҳрими Иттиҳоди Аврупо қарор дорад.

Миллиардери дигари рус, Роман Абрамович, ки дороиҳояш аз ҷониби Ғарб таҳрим шудааст, киштиҳои шахсиашро ба Туркия интиқол додааст. Ҳамин тавр, дар чанд кишвари аврупоӣ, аз ҷумла дар Испания, Италия ва Барселона яхта ё киштиҳои сарватмандону мансабдорони рус боздошт шудаанд.

Аввали моҳи март мақомоти Олмон киштии 156-метрии Алишер Усмонов, миллиардери узбектабори Русияро дар Ҳамбург боздошт карданд. Арзиши киштии Усмонов, ки “Дилбар” ном дорад, 600 миллион доллар гуфта мешавад.

Иёлоти Муттаҳида барои ҷустуҷӯ ва боздошти дороиҳои элитаи Русия дар ғарб гурӯҳи байнулмилалӣ таъсис додааст. Ба ин гурӯҳ, Австралия, Британия, Канада, Ҷопон, Олмон, Фаронса, Италия шомиланд ва дар феҳрасти афроди таҳримшуда номи 50 сарватманди рус оварда шудааст.

XS
SM
MD
LG