Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский: Масъалаи амният, Қрим ва Донбассро ҳамапурсӣ ҳал мекунад


Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина

Президенти Украина Владимир Зеленский, гуфт, масъалаи амнияти Украина ва мақоми Донбассу Қрим ба ҳамапурсӣ гузошта хоҳад шуд. Вай дар мусоҳиба бо расонаҳо афзуд, танҳо "мардум бояд ба ин ва ё он шакли созиш" посух диҳад, ки дар гуфтугӯҳо бо Русия пешниҳод мешаванд.

Владимир Путин, президенти Русия, ки рӯзи 24-уми феврал ба ҳудуди Украина ҳамла кардааст, аз мақомоти Украина даст кашидан аз шомилшавӣ ба НАТО, эътирофи Қрим ҳамчун ҷузъи Русия ва эътирофи Донбассу Луганск ба ҳайси кишварҳои мустақил, инчунин, даст кашидан аз "миллатгароӣ" ва "артишсозӣ"-ро талаб дорад.

Мақомоти Украина дар посух мегӯянд, узви НАТО шудан намехоҳанд, аммо кафолати амният ва тамомияти арзии худро талаб доранд.

Гуфтугӯҳои ду кишвар қариб ҳамарӯза дар шакли видеоӣ давом доранд, аммо ба натиҷае нарасидаанд. Амалиёти ҷангӣ низ идома дорад.

XS
SM
MD
LG