Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узви "Гуруҳи 44"-ро дар Бадахшон ба ҳабс гирифтаанд


Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ

Додгоҳи шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, як узви ҷомеаи шаҳрвандии минтақаро, ки бештар бо номи “Гурӯҳи 44” маъруф аст, ба 15 шабонарӯз ҳабс маҳкум кардааст.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вилоят гуфтанд, Ифтихор Саидбеков 10-уми марти имсол ба ҳабс гирифта шуд ва, қарор аст, 25-уми март раҳо шавад. Хабарро дар Раёсати корҳои дохилии Бадахшон низ тасдиқ карданд.

Хуҷамрӣ Пирназаров, сухангӯйи “Гуруҳи 44”, рӯзи 21-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, пайвандони Саидбеков то ин дам ду бор бо ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ суҳбат карданд.

Як манбаъ дар Раёсати умури дохилии Бадахшон бе зикри ном ба Радиои Озодӣ иддао кард, ки “Ифтихор Саидбеков ба авбошӣ гунаҳкор шуд ва аз кардаи худ пушаймон аст.”

Дар наворе, ки телевизиони давлатии “Бадахшон” дар нимаи аввали моҳи март нишон дод, Саидбеков рафтори дағалонаи худро бо нозирони роҳи маҳаллаи Тирчиди Хоруғ эътироф карда, аз ҷавонон хостааст, “бо намояндаҳои мақомоти интизомӣ бадрафторӣ накунанд”.

Маълум нест, ки ӯ таҳти чӣ шароит ин гапҳоро гуфтааст. Дар гузашта шикоятҳо аз шиканҷа ҳангоми ба даст овардани эътирофи дастгиршудаҳо садо додааст.

Гузашта аз ин, ҳуқуқшинос Фаромуз Иргашев, узви ҷомеаи шаҳрвандии вилоят, рӯзи 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Ифтихор Саидбековро “ҳангоми пиёда аз роҳ гузашта дастгир кардаанд”.

“Гуруҳи 44”-ро моҳи ноябри соли гузашта, пас аз эътирозу ноамниҳо дар маркази Бадахшон созмон доданд. Ба ин гуруҳ аъзои ҷомеаи шаҳрвандии вилоят шомиланд, ки дар музокирот бо намояндагони муақомот аз номи мардум иштирок мекунанд.

Вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз тазоҳуроти чаҳоррӯза дар моҳи ноябри соли 2021, ки дар пайи кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков сурат гирифт, печида шуд. Намояндагони Додситонии ҳарбӣ мегӯянд, рӯйдоди чаҳор моҳ пешро таҳқиқ доранд, аммо сокинон аз фишор, теъдоди зиёди низомиён ва эҳтимоли баргузории амалиёт нигаронанд.

XS
SM
MD
LG