Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи СММ гуфт, муносибат бо паноҳҷӯёни ғайриукраинӣ беҳтар шудааст


Filippo Grandi the United Nations High Commissioner for Refugees in Dushanbe 19 March 2022
Filippo Grandi the United Nations High Commissioner for Refugees in Dushanbe 19 March 2022

Комиссари олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон мегӯяд, муносибат бо паноҳҷӯён аз Украина сарфи назар аз миллаташон бояд яксон бошад. Бо ҳамлаи Русия ба Украина се миллион нафар ба Аврупо фирор карданд. Вале бархе аз паноҳҷӯён мегӯянд, дар гузаргоҳҳои марзии кишварҳои Аврупо муносибат бо ҳама паноҳҷӯён яксон нест.

Филиппо Грандӣ, Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон рӯзи 18-уми март зимни сафараш ба Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, “воқеан дар рӯзҳои аввали ҷанги Украина чунин ҳолатҳо ба чашм мерасид, ки намоядагони миллатҳои дигар аз ҳамон муносибатҳои яксон бархурдор шуда натавонистанд.”

Вале ба гуфтаи ҷаноби Грандӣ, онҳо бо кишварҳои мизбони паноҳҷӯён аз Украина суҳбат карданд ва вазъ ҳоло беҳтар шудааст: “Имрӯз фаъолият байни ҳукуматҳои мизбон ва ҳукуматҳои кишварҳои ин шаҳрвандон хуб танзим шуда истодааст. Дар ҳолатҳои имконпазир мо онҳоро ба дигар кишварҳо интиқол дода истодаем. Ва ҳоло ҳамоҳангии хубе байни он давлатҳо ва давлатҳои дигар, монанди Тоҷикистон ва Созмони Милал ба роҳ монда шудааст, ки агар илоҷи дигаре нест, ин шаҳрвандон ба кишварҳои аслии худ баргардонида шаванд.”

Изҳороти намояндаи Созмони Милал дар ҳоле садо медиҳад, ки теъдоде аз паноҳҷӯёни ғайриукраинӣ аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон аз бархурди номуносиби бархе кишварҳои аврупоӣ шикоят доранд. Аз ҷумла як зани тоҷик иддао дорад, ки ӯро бо ду кӯдакаш аз Чехия “ба Украина бозпас фиристодаанд”. Фотимаи 47-сола панҷ сол боз дар Полтаваи Украина кору зиндагӣ мекард ва дар пайи ҳамлаи Русия аз он кишвар берун шуд, вале 14-уми март дигарбора ба макони зисташ баргашт.

“Шавҳарам бемор аст. Бар илова, дар Украина мардонро ба берун рафтан намемонанд. Гуфтам, ақаллан духтаронамро фиристам, нашуд. Ин ҷо ҳоло оромтар аст, вале ҷанг ҳар рӯз наздиктар мешавад,” -- гуфт ӯ.

Мақомоти Чехия дар ин бора шарҳ надодаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, агар зан бо кӯдаконаш ба Лаҳистон (Полша) биравад, ба ватан фиристода хоҳад шуд.

Ҷанг дар Украина 24 рӯз боз идома дорад ва аз ҳарду тараф ҳазорҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Ин ҷанг боис шуд, ки се миллион нафар аз Украина фирор кунанд. Поёни ҷанг ҳанӯз номаълум аст.

XS
SM
MD
LG