Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон болоравии доллари ИМА нархи маҳсулоти ғизоиро гарон кард


Дар Узбекистон қурби доллари ИМА дар чанд рӯзи охир боло рафт. То ибтидои моҳи март 1 доллари ИМА ба 10 500 сӯм баробар, ҳоло 1 доллар ба 11 200 сӯм расидааст.

Ҳаётулло, як фурӯшанда аз бозори "Эски шаҳр"-и Андиҷони Узбекистон гуфт, орд, равған ва гӯшт дар рӯзҳои охир 10-15 дарсад афзудааст.

Дима Қаюм, як блогнавис аз Фарғона мегӯяд, болоравии маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ мустақиман ба ҷанги Русия дар Украина рабт дорад.

XS
SM
MD
LG