Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон санҷиши коронавирусро барои эмшудаҳо бекор кард


Фурудгоҳи байнулмилалии Тошканд
Фурудгоҳи байнулмилалии Тошканд

Ситоди мубориза бо коронавирус дар Узбекистон бо қабули як қарор аз 16-уми март шаҳрвандони хориҷиеро аз супурдани озмоиши коронавирус дар марз озод кард, ки гувоҳномаи ваксинаи зидди вирусро дар даст доранд.

Бар асоси қарор, мусофироне, ки бо худ гувоҳномаи ваксинаро надоранд, ҳангоми воридшавӣ ба Узбекистон бояд маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирусро пешниҳод кунанд ва ё аз санҷиш гузаранд.

Ба ҷуз ин, маҳдудияти равуои сокинони Қазоқистону Узбекистон ба кишварҳои ҳамдигар аз роҳҳои заминӣ бекор ва ҳаракати мусофирбарҳо миёни ду давлат дубора барқарор карда шудааст.

XS
SM
MD
LG