Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Тошканд мегузарад


Нишасти 16-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) рӯзҳои 8-9 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

"Интизор меравад, дар нишаст президентҳо ва раисони ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Туркия иштирок кунанд", - иттилоъ додааст Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон.

Иштирокдорони нишаст масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту иртиботот ва башардӯстонаро баррасӣ хоҳанд кард.

Мулоқоти дуҷонибаи президенти Узбекистон бо як қатор раҳбарони кишварҳо дар назар аст.

Тоҷикистону Эрон, Покистон, Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон ва Покистон узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG