Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҳарзодаи Назарбоевро бо айби фасодкорӣ боздошт карданд


Кайрат Сатибалдиулӣ, хоҳарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев.
Кайрат Сатибалдиулӣ, хоҳарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев.

Рӯзи якшанбеи 13-уми март Хадамоти зиддифасоди Қазоқистон хабар дод, ки парвандаеро аз рӯи далелҳои "сӯистифодаи мақом ва ғорати дороиҳои ширкати "Қазоқтелеком" дар ҳаҷми махсусан калон" таҳқиқ мекунад.

Ин хадамот гуфт, дар доираи парвандаи мазкур Кайрат Сатибалдиулӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст.

Ибтидои соли 2021 расонаҳо навишта буданд, ки Кайрат Сатибалдиулӣ, муассиси ширкати офшории Skyline Investment Company S.A. аст, ки 24 дарсади саҳмияҳои ширкати "Қазақтелеком"-ро дар ихтиёр дорад.

Сатибалдӣ хоҳарзодаи Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон аст, ки дар гузашта дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият кардааст.

Бино ба баҳогузории маҷаллаи Forbes, дар соли 2018 Кайрат Сатибалдиулӣ бо дороии 168 миллион доллар дар шумори 50 тоҷири сарватмандтарини Қазоқистон шомил мешуд.

XS
SM
MD
LG