Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ дар Чин дар мақоми дуюм аст


Дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ, ки дар Пекин ҷараён дорад, баъди натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқот мунтахаби Украина бо касби 22 медал (7 тилло, 9 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти ҳам сифати медалҳо ваҳам теъдоди онҳо дар ҷойи дуюм аст.

Мунтахаби Чин бо касби 44 медал (12 тилло, 14 нуқра ва 18 биринҷӣ) мисли пешин мақоми аввалро азони худ кардааст. Мунтахаби Канада бо касби 19 медал (7 тилло, 4 нуқра ва 8 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шудааст.

Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Фаронса (6 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (4 тилло, 10 нуқра ва 3 биринҷӣ), Австрия (4 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ), Ҷопон (4 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ), Норвегия (3 тилло ва 2 нуқра), Словакия (3 тилло ва 1 биринҷӣ) ва Олмон (2 тилло, 7 нуқра ва 5 биринҷӣ) қарор доранд.

Ба ғайр аз Украина, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Қазоқистон бо як медали биринҷӣ ҷойи 17-умро касб кардааст.

Ҳамин тариқ, дар шаш рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 19 кишвар соҳибони медалҳо шудаанд, аз он ҷумла намояндагони 15 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ (IPC) ба далели фишори намояндагони кишварҳои дигари ширкаткунандаи мусобиқот дар пасманзари амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина дархости варзишгарони Русия ва Беларусро барои ширкат дар Бозиҳои паралимпии соли 2022 дар Пекин рад кард.

Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ дар Пекин то рӯзи 13-уми март идома хоҳанд кард. Ба барномаи бозиҳо шаш намуди варзиш дохил аст: лижаронии кӯҳӣ, биатлон, пойгаи лижаронӣ, ҳоккей дар чана, сноуборд ва кёрлинг дар аробачаи маъюбон. Дар маҷмӯъ, 564 варзишгари маълул аз 46 кишвар барои 78 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG