Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи хориҷии Узбекистон ба $42 миллиард баробар шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Қарзи хориҷии Узбекистон то охири соли 2021 ба 41 миллиарду 600 миллион доллар баробар шуда буд. Дар ин бора вазорати молияи он кишвар рӯзи 9 март хабар дод.

Бино ба ин гузориш, дар соли 2021 қарзи хориҷии Узбекистон 12,7 дарсад афзуда, 60,1 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии он кишварро ташкил додааст.

Бино ба баҳогузории Бонки ҷаҳонӣ, соли 2022 рушди иқтисодии кишварҳои рушдкарда 3,8 дарсад, кишварҳои дар ҳоли рушд 4,6 дарсад ва иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ 4,3 дарсадро ташкил хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG