Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз ҳамлаи Русия ба зоишгоҳи Мариупол мардум аз минтақаҳои ҷанг мегурезанд


Пас аз ҳамлаи маргбори нерӯҳои Русия ба як бемористон дар шаҳри Мариуоли Украина, ғайринизомиён талош доранд, ки аз манотиқи даргирӣ берун раванд. Бар асари ҳамлаи нерӯҳои русӣ ба як зоишгоҳ дар шаҳри Мариупол се нафар, аз ҷумла як духтари хурдсол ҷон бохтанд.

Раиси ҳукумати ин минтақа гуфт, ки дар пайи оташбаси маҳаллӣ, ғайрнизомиён барои севумин рӯз аз шаҳри муҳосирашудаи Суми аз тариқи як "долони башардӯстона" берун мераванд. Чанд ҳазор нафари дигар ин ҳафта дар пайи мувофиқат бо Русия шаҳри Сумиро тарк карданд.

Ҳамлаи Мариупол, ки аз сӯи Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина "ҷинояти ҷангӣ" хонда шудааст, дар ҳоле рух дод, ки даҳҳо ҳазор ғайринизомии украинӣ дар талошанд минтақаҳои зери бомбаборони Русияро тарк кунанд. Ба назар мерасад, бо вуҷуди талошҳои густурдаи дипломатӣ ва таҳримҳои бештари Ғарб алайҳи Русия, ҳамлаҳо коҳиш наёфтааст.

Мақомоти маҳаллӣ рӯзи 10-уми март гуфтанд, ки дар ҳамла ба бемористон се нафар, аз ҷумла як духтари хурдсол ба ҳалокат расиданд. Мақомот қаблан гуфта буданд, ки шумораи захмиён 17 нафар мебошад, ки байни онҳо як табиб низ ҳаст.

Раиси Шӯрои шаҳри Мариупол дар "Телеграм" навишт, "тибқи омори нав, се нафар, ба шумули як духтари хурдсол дар ҳамлаи рӯзи гузашта ба бемористони кӯдакона ва зоишгоҳи Мариупол ҷон бохтанд".

Ҳамзамон муовини раиси ҷумҳури Амрико Камала Ҳаррис рӯзи 10-уми март дар Варшава бо раҳбарони Лаҳистон дар бораи ҳамлаи Русия суҳбат кард. Дар назар аст, ки Иттиҳоди Аврупо рӯзи 10-уми март дар Фаронса ҳамлаи Русия ба Украинаро, ки боиси бӯҳрони энержӣ дар Аврупо шуд, баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG