Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои хориҷии Украина ба Туркия рафтааст


Дмитрий Кулеба ва Сергей Лавров
Дмитрий Кулеба ва Сергей Лавров

Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина, рӯзи 10-уми март ба Туркия рафтааст. Ҷое, ки мулоқоти ӯ бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, дар назар аст.

Мулоқоти тарафҳо дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҷанги Русия дар Украина вориди ҳафтаи севум шуд. Вазорати корҳои хориҷии Украина дар Твиттер навишт, Кулеба хатми ҷангро хоҳад хост.

Ин нишаст як рӯз баъд аз ҳамлаи Русия ба таваллудхонае дар шаҳри Мариупол сурат мегирад. Дар он ҳодиса дастикам 17 нафар захмӣ шудаанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, гуфт, умед дорад, ки мулоқоти Лавров ва Кулеба “дари оташбаси доимиро боз мекунад”.

XS
SM
MD
LG