Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон гуфт, дар ҷанги Русия бо Украина бетарафиро ихтиёр мекунанд


Содир Ҷабборов
Содир Ҷабборов

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) 9-уми март дар ҷаласаи порлумони он кишвар гуфт, "мо давлати хурд ҳастем ва тавони таъсир расондан ба қатъи ҷангро надорем".

Ҷабборов ин нуктаро баъди савгандёдкунии баъзе аз аъзои Девони вазирони Қирғизистон изҳор дошта, мавқеи кишварашро дар робита ба ҷанги Русия бо Украина баён кард.

"Оқибати вазъ миёни Русия ва Украина ба бештари кишварҳо таъсири манфӣ мегузорад. Дар иқтисод, тиҷорат, дифоъ ва бахшҳои дигари ҷаҳонӣ вазъи мушкиле пеш омадааст. Мо давлати хурд ҳастем ва тавони таъсир расондан барои қатъи ҷангро надорем. Бинобар ин, бояд мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем", - афзудааст ӯ.

Маҷмаи умумии СММ 3-юми март бо қабули як қатънома ҳамлаи Русияро ба Украина маҳкум кард. Қатъномаро 141 кишвар ҷонибдорӣ карда, 35 давлати дигар, аз ҷумла Қирғизистону Тоҷикистон аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд.

Ахиран Украина сафираш дар Қирғизистон Валерий Жовтенкоро барои машварат даъват кард. Президенти Украина Владимир Зеленский дар Фейсбук хабар дод, ки сабаби даъват "пуштибонӣ аз хушунат нисбати Украина" аст. Гап аз мавқеи роҳбарияти Қирғизистон меравад.

РИА Новости рӯзи 26-уми феврал аз қавли президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов навишт, ки "Ҷабборов дар суҳбат бо президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки аз рафтори Русия оид ба муҳофизати аҳолии осоиштаи Донбасс ҳимоят мекунад". Аммо дар сомонаи президенти Қирғизистон дар ин бора иттилое дода нашудааст.

Русия рӯзи 24-уми феврал ба Украина ҳамла кард.

XS
SM
MD
LG