Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савдои духтарон дар Афғонистон. Якеро мефурӯшанд, то дигареро наҷот диҳанд. ВИДЕО


Кобул. Як гуруҳ аз занони афғон дар навбати нон. Акс аз моҳи январи 2022
Кобул. Як гуруҳ аз занони афғон дар навбати нон. Акс аз моҳи январи 2022

Ҳар нафари сеюм дар Афғонистон аз гуруснагӣ азият мекашад. Кӯдакон чизе барои хӯрдан надоранд. Хабарнигори “Садои Амрико” мегӯяд, баъзе аз хонаводаҳои афғон рӯзи сиёҳ доранд ва аз ноилоҷӣ маҷбур шудаанд, яке аз фарзандони худро фурӯшанд. Бо ин роҳ, мехоҳанд, атфоли дигари худро аз гуруснагӣ наҷот диҳанд.

Сарнавиште, ки дигарон ҳал кардаанд

Сиддиқаи хурдcол саргарми бозӣ бо дӯстонаш, намедонад, ки сарнавишташро аллакай ҳал кардаанд. Волидонаш ӯро ба як марде, ки дар хориҷ аз кишвар аст, ба тақрибан 2 ҳазор доллар фурӯхтанд.

Ӯ танҳо кӯдаки афғон нест, ки чунин сарнавишт дорад. Аксари духтарони то 10-соларо дар як урдугоҳ волидон ба мардони калонсол фурӯхтаанд ё дар интизори пайдо шудани харидоранд. Ин суол, ки чаро духтарони хурдсоли худро мефурӯшед, баъзе аз волидонро ба хашм меорад.

Абдулазиз, яке аз мардон гуфт ба “Садои Амрико” гуфт: “Мо ба кӯдакон доруи хоб медиҳем, зеро аз гуруснагӣ гиря мекунанд, хӯрок мепурсанд. Мо як замон зиндагии хубе доштем, сарватманд будем. Баъд хушксолӣ омад. Ҷавонони моро куштанд. Мо аз вилояти Форёб гурехта, ба Ҳирот омадем. Аз замони ба сари қудрат омадани ҳукумати нав, Худо шоҳид аст, ки як халта гандум то 25 доллар боло рафт. Аз куҷо онро мехарем? Се сол боз чунин аҳвол дорем."

“Ин корро аз ноилоҷӣ кардем”

Падару модарон мегӯянд, ба хотири наҷоти кӯдакони худ аз гуруснагӣ ва марг маҷбуранд, яке аз духтарони худро бар ивази пул ба каси дигар бидиҳанд. Ҷанг ва хушксолии давомдор зиндагии хонаводаҳоро дар Афғонистон сахт кардааст. Иқтисоди ин кишвар аз сармоягузории хориҷӣ вобаста буд. Баъди ба қудрат расидани Толибон дар ҳафт моҳ пеш ёриҳои молии созмонҳои байнулмиллалӣ ба Афғонистон қатъ шуд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Духтарони худро мисли ҷонвар мефурӯшем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

90 дар сади афғонҳо дар як рӯз камтар аз ду доллар даромад доранд. Тақрибан нисфе аз аҳолӣ аз камбуди хӯрок азоб мекашанд. Як миллион кӯдак дар рӯ ба рӯи гуруснагии шадид қарор доранд.

Ширин, як сокини Афғонистон, гуфт, “барои доруву даво пул надорем. Барои кӯдакон ягон хӯрданӣ надорем. Дар ин рӯзҳои бисёр сард дар хаймаҳо зиндагӣ дорем. Ҳоло писарам партовҳоро овард. Шояд аз ин роҳ 5 ё 10 сент ба даст орем. Ин аст арзиши мо.”

Падари Сиддиқа мегӯяд, духтараш баъди ба балоғат расидан, бо писари марде, ки ӯро харидааст, издивоҷ мекунад. Вале ӯ иқрор мешавад, ки аз ҳоло зиндагии духтар таҳти назорати харидор қарор мегирад. Вай ҳатто метавонад, духтарро ба каси дигар фурӯшад. Ӯ гуфт, “духтарам хеле хурд аст, чизеро намефаҳмад. Акнун дар ихтиёри онҳо аст. Онҳо ҳар коре мехоҳанд, метавонанд бикунанд. Мо ин корро аз ноилоҷӣ кардем. Мо намедонем, ки ояндаи ӯ чӣ мешавад.”

Аксар падарони дигар дар ин ҷо мегӯянд, ягон роҳи дигаре надоранд ва мепурсанд, ки дар чунин шароит ҳоли онҳо чӣ хоҳад шуд? Як зани дигар, ки хеле маҳзуну ноумед буд, гуфт, “мо кӯдакони худро мисли ҷонвар мефурӯшем.”

XS
SM
MD
LG