Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия муомила бо асъори хориҷиро маҳдуд карданд


Бонки марказии Русия барои мубориза ба таъсири таҳримҳои иқтисодии Ғарб, тиҷорат бо пули хориҷиро манъ кардааст.

Мақомот гуфтанд, бонкҳои Русия аз ин пас иҷозаи фурӯши асъори хориҷиро ба шаҳрвандон надоранд. Дастурамали нави Бонки марказии Русия аз рӯзи чаҳоршанбе дар ин кишвар ба муддати шаш моҳ (то 9-уми сентябри имсол) амал мекунад.

Тибқи ин дастурамал, як кас аз як ҳисоби бонкӣ танҳо то 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта метавонад ва миқдори бештар аз ин танҳо бо рубл пардохт мешавад. Ҳеч маҳдудияте дар иваз кардани пули хориҷии шаҳрвандон бо рубл вуҷуд надорад.

Ҳукумати Русия қаблан ба хотири нигаҳ доштани қурби рубл, фоизҳои бонкиро боло бурда буд.

Дар ҳамин ҳол, президенти Русия Владимир Путин бо имзои фармоне содироти баъзе маводи хомро мамнуъ кард. Ба асоси фармон, ҳадафи раҳбари Русия итминон аз амнияти Русия ва фаъолияти бехалали бахши саноати ин кишвар будааст.

Кобинаи вазирони Русия ҳоло бояд дар бораи феҳристи ин маводи хом ва кишварҳое, ки содирот ба онҷо мамнуъ аст, тасмим бигирад. Ин мамнуият то поёни соли ҷорӣ эътибор дорад.

Фармони нави Путин чанд соат пас аз он содир шуд, ки Ҷо Байден, президенти Амрико, гуфт, воридоти нафт ва гази Русияро қатъ мекунад ва Бритониё гуфт, то охири соли 2022 ба вобастагии худ ба энержӣ аз Русия поён мебахшад.

Дар ҳамин ҳол, баъзе мақомоти баландпояи Русия пешниҳоди миллӣ кардани он корхонаҳои хориҷиро дар Русия матраҳ кардаанд, ки дар вокуниш ба ҳамлаи Маскав ба Украина фаъолияти худро бас карданд.

Шумораи зиёде аз ширкатҳои хориҷӣ ба ҳадафи фишор ба Русия барои поин додан ба ҳамла ба Украина эълон кардаанд, ки фурӯшгоҳҳо ва корхонаҳои худро дар Русия муваққатан мебанданд.

Русия рӯзи 24-уми феврал бо ҳадафи "ғайринизомӣ" кардани Украина ба ин кишвари ҳамсояаш аз тариқи замин, ҳаво ва баҳр ҳамла кард. Ҷониби Украина ин ҳамларо "таҷовуз" медонад. Аз он замон то ин дам аз ҳарду ҷониб садҳо ҳазорҳо ҷон бохтанд ва беш аз 2 миллион украинӣ ба хориҷ паноҳ бурданд. Талош барои барқарории оташбас миёни тарафҳо то кунун бенатиҷа будааст.

XS
SM
MD
LG