Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҳафтаи ҷанги Русия дар Украина. Фирори сокинон идома дорад


Мавҷи паноҳҷӯён дар сарҳади Руминия
Мавҷи паноҳҷӯён дар сарҳади Руминия

Маскав мегӯяд, рӯзи 9-уми март барои берун рафтани аҳолии осоишта аз Киев ва чаҳор шаҳри дигар гузаргоҳҳои амн боз кардааст.

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина, дар ду ҳафтаи охир, 2 миллион нафар аз Украина ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурдаанд. Дар миёни онҳо тақрибан 1400 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд.

Ҳазорон нафар рӯзи 8-уми март кӯшиш карданд, ки ба воситаи гузаргоҳҳои амн аз Украина фирор кунанд. Идомаи бомбаборони Русия баъзе аз масирҳоро баст.

Ирина Верешук, муовини сарвазири Украина, гуфт, Киев талош дорад, мардуми осоиштаро тавассути шаш гузаргоҳи амн, аз ҷумла аз Мариупол, берун кунад.

Вай дар изҳороте гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи Украина розӣ шудаанд, ки тирпаррониро дар ин минтақаҳо аз соати 9-и субҳ то 9-и шаб бас кунанд. Верешук аз нерӯҳои Русия низ хост, ба ваъдаи худ дар мавриди оташбас пойбанд бошанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Амрико розӣ шудаанд, ки барои Украина ва кишварҳои мизбони паноҳҷӯён 13,6 миллиард доллар ҷудо кунанд. Ноиби президенти Амрико Камола Ҳаррис рӯзи 9-уми март ба Лаҳистону Руминия меравад. Ӯ дар онҷо таъсири ҷанги Русия дар Украинаро ба минтақа баррасӣ хоҳад кард.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, ба Туркия меравад. Ҷое, ки рӯзи 10-уми март бо ҳамтои украинии худ, Дмитрий Кулеба, мулоқот хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG