Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

YouTube саҳифаи Соловёв ва барномаҳояшро баст


Владимир Соловёв

Маъмурияти YouTube саҳифаи наттоқи телевизиони Русия Владимир Соловёв ва канали барномаи "Шоми якшанбе"-и ӯро ҳазф кардааст. Соловёв ин тасмимҳоро "эълони ҷанг" номид ва хоҳони баста шудани YouTube дар Русия шуд. Пештар YouTube чанд саҳифаи марбут ба шабакаи Russia Today-ро низ баст. Мудири он Маргарита Симонян дар поёни моҳи феврал ба мисли Владимир Соловёв ба далели эътирофи истиқлоли ба истилоҳ "ҷумҳуриҳои мардумӣ"-и Донетск ва Луҳанск аз тарафи Русия зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG