Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty International гуфт, вазъи ҳуқуқи занон дар ҷаҳон “бадтар шуд”


Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) мегӯяд, дар як соли охир вазъи ҳуқуқи занон дар ҷаҳон бадтар шудааст.

Агнес Калламард, дабири кулли созмон, рӯзи 8-уми март дар эъломияе ба муносибати рӯзи ҷаҳонии зан гуфт, воқеаҳои соли 2021 ва моҳҳои аввали соли 2022 ҳуқуқи миллионҳо занро поймол кард.

Хонум Калламард паҳншавии вируси корона ва тағйири ҳукумат дар Афғонистонро аз ҷумлаи ҳодисаҳое номбар кард, ки бар ҳуқуқи занону духтарон таъсир гузоштааст.

Аз моҳи августи соли 2021 то ҳол, ки Толибон дубора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтаанд, занону духтарон бисёр дастовардҳоеро, ки дар 20 соли гузашта касб карда буданд, аз даст доданд.

XS
SM
MD
LG