Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ширкатҳои русӣ хостанд, бо ҳавопаймоҳои иҷора ба хориҷа нараванд


Акс аз бойгонӣ

"Росавиатсия" ба ширкатҳои русӣ маслиҳат додааст, аз 8-уми марти имсол бо ҳавопаймоҳое, ки ба иҷора гирифта шудаанд, ба хориҷа парвоз анҷом надиҳанд. Дар ин қатор Беларус истисно аст.

Эълони маъсюскунанда барои ширкатҳо ва мусофирон рӯзи 5-уми март эълон шуд. Ширкат аз он нигарон аст, ки ин ҳавопаймоҳо ба сабаби таҳримҳо метавонанд боздошту мусодира карда шаванд.

Коршиносон онро эътирофи таъсири таҳримҳое медонанд, ки Ғарб дар пайванд ба ҷанги Украина алайҳи Русия ҷорӣ кардааст. Маскав 24-уми феврал ба Украина ҳамла кард.

Ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот” зуд эълон кард, ки парвозҳои байнулмилалии худро, ба истиснои Беларус, қатъ мекунад. Тасмими Аэрофлот ба ширкатҳои «Россия» ва «Аврора» низ таъсир расонд.

Беларус дар моҳи феврали имсол ба даҳҳо ҳазор сарбози Русия имкон дод, ки тавассути хоки он кишвар ба шимоли Украина ворид шаванд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар интихоботи ҷанҷолии соли 2020 аз Александр Лукашенко пуштибонӣ кард. Дар ҳоле ки мухолифонаш ӯро ба тақаллауби густурда муттаҳам карданд.

S7, бузургтарин ширкати ҳавопаймоии хусусии Русия, 5-уми март парвозҳои байнулмилалии худро, аз ҷумла ба Тоҷикистон, мутаваққиф кард.

XS
SM
MD
LG