Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Халифа"-и Толибон бори аввал чеҳраашро нишон дод


Сироҷиддин Ҳаққонӣ
Сироҷиддин Ҳаққонӣ

Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии Толибон ва раҳбари шабакаи «Ҳаққонӣ», машҳур бо тахаллуси «Халифа», бори аввал дар баробари расонаҳо зоҳир шуд. Номи ӯ ҳанӯз дар рӯйхати сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид боқист.

Ҳаққонӣ рӯзи 5-уми март дар маросиме дар Кобул гуфт, Толибон ба созишномаи Доҳа (Давҳа) пойбанданд. Ин мувофиқатнома моҳи феврали соли 2020 миёни Толибон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имзо шудааст.

Хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ ба раҳбарии Амрико аз Афғонистон бахше аз ин мувофиқатнома буд. Дар он ҳамчунин аз Толибон хоста шудааст, равобити худро бо гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла «Ал-Қоида» қатъ кунанд.

Сироҷиддин Ҳаққонӣ гуфт, ҳеч хатаре аз Афғонистон ба ҷаҳон таҳдид намекунад.

Толибон тақрибан ҳафт моҳ пеш дигарбора ба қудрат дар Афғонистон баргаштанд. Ҳеч кишваре то ҳол ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG