Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон шаҳрвандони фирорияшро аз Молдова дертар бармегардонад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мегӯяд, масъалаи баргардонидани шаҳрвандонашро, ки аз Украина ба Молдова фирор кардаанд, дертар баррасӣ мекунад.

"Ҷониби Молдова ба онҳое, ки вориди ин кишвар мешаванд, сарфи назар аз шаҳрвандияшон кумаки башардӯстона расонида, ҳамаи онҳоро бо макони зист ва ғизо таъмин мекунад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Бинобар ин, ба иттилои вазорат, масъалаи интиқоли онҳо ба Узбекистон дертар баррасӣ карда мешавад.

Вазорат гуфтааст, дар навбати аввал узбекистониҳое, ки аз Украина ба Лаҳистон фирор кардаанд, ба ватан баргардонида хоҳанд шуд. То ҳол 1186 узбекистонӣ ба ватан оварда шудааст.

XS
SM
MD
LG