Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико барои тақвияти марз ба Тоҷикистон 900 ҳазор доллар медиҳад


Амрико аз соли 2007 ба ин сӯ ба нерӯҳои марзбонӣ ва бозсозии посгоҳҳои сарҳадӣ дар Тоҷикистон даҳҳо миллион доллар ёрӣ кардааст.
Амрико аз соли 2007 ба ин сӯ ба нерӯҳои марзбонӣ ва бозсозии посгоҳҳои сарҳадӣ дар Тоҷикистон даҳҳо миллион доллар ёрӣ кардааст.

Сафорати Амрико дар Душанбе гуфт, бо иҷрои як тарҳи 900-ҳазордолларӣ ба тақвияти посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон кумак мекунад.

Дар баёнияи сафорат, ки 4-уми март нашр шуд, омадааст, тарҳи мазкур барои пешгирӣ аз қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таҳдидҳо ба сиҳатии омма иҷро мешавад.

Дар доираи он марзбонони тоҷик омӯзишҳои лозимро мегиранд ва зербунёдҳо барои муҳофизати марзи тулонии Тоҷикистон бо Афғонистони ноором тармим мешаванд.

Ҳукумати Амрико аз соли 2002 бо арзиши миллионҳо доллар барои посбонии дурусти сарҳад ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мадад кардааст ва сафорат тарҳи навро намоёнгари ҳамкории қавӣ ва зичи амниятӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон номидааст.

Иёлоти Муттаҳида дар гузашта низ барои таъмиру бозсозии посгоҳҳои сарҳадӣ ва таъмини нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ёрии моливу техникӣ кардааст. Аз ҷумла, Барномаи мубориза бар зидди маводи мухаддири Дафтари Ҳамкориҳои Ҳарбӣ аз соли 2007 ба ин сӯ ба Тоҷикистон беш аз 155 миллион доллар кумак расондааст.

Дар умум Амрико дар 30 соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон тавассути барномаҳои гуногун ба кишвар ба маблағи беш аз 1,8 миллиард доллар ёрӣ кардааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад, ки як қисмати дар минтақаҳои душворгузар ҷойгир шудааст. Мақомоти тоҷик ҳамеша аз он сӯи марз нигаронӣ доранд. Баъди ба сари қудрат омадани гуруҳи Толибон дар моҳи августи соли гузашта ин нигарониҳо афзоиш ёфт.

XS
SM
MD
LG