Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистону Молдова барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо дархост доданд


Гурҷистон барои зудтар шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо дархост супурдааст.

Роҳбари ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" гуфт, кишвараш нахуст тасмим дошт, ки ин дархостро соли 2024 бикунад, аммо "бо назардошти вазъи сиёсӣ" онро тезонд. Президенти Молдова Майя Санду ҳам гуфт, барои тезонидани раванди шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо ариза супурдааст.

Ин дар ҳолест, ки Украина рӯзи 28-уми феврал чунин дархостро аз Иттиҳоди Аврупо кард. Рӯзи 1-уми март дар Брюссел баррасии дархости Украина шуруъ шуд.

Дар таърихи Иттиҳоди Аврупо баррасии дархостҳо ба таври фаврӣ сурат нагирифта буд. Тибқи маъмул, дархости кишварҳои барои шомил шудан ба Иттиҳод солҳо давом мекунад.

Талоши Украина барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо дар конститутсияи он кишвар зикр шудааст.

Талоши Украина барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо дар ҳолест, ки рӯзи 24-уми феврал ҳамлаи низомии Русия ба ин кишвар оғоз шуд. Ҳамакнун ҷангҳо дар чанд минтақаи он кишвар идома дорад. Садҳо ҳазор украинӣ хонаҳои худро тарк кардаанд.

XS
SM
MD
LG