Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ ба кишвари саршор аз нафт, вале саркӯбгар рафтааст


Илҳом Алиев ва Рустами Эмомалӣ
Илҳом Алиев ва Рустами Эмомалӣ

Бино ба гузоришҳои расмӣ, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президенти Тоҷикистон, ба Озарбойҷон рафтааст. Сафарашро расмӣ гуфтанд.

Расонаҳои давлатӣ навиштанд, ки Рустами Эмомалӣ 3-юми март бо раиси Маҷлиси Миллии Озарбойҷон, мири Боку ва президент Илҳом Алиев дидор кард. Ҷонибҳо дар бораи тақвияти ҳамкорӣ, вазъи Афғонистон ва масоили дигар гап задаанд. Ончи паси саҳна ва дур аз назари хабарнигорон гуфтанд, маълум нест.

Озарбойҷон кишвари саршор аз нафту газ аст, аммо ҳамвора ба монанди Тоҷикистон ба саркӯби мухолифон ва пахши озодии баён танқид мешавад.

Раисҷумҳури он кишвар, Илҳом Алиев, ҳукуматро аз падари худ Ҳайдар Алиев ба мерос гирифтааст. Ҳайдар Алиев соли 2003 даргузашт.

Солҳои охир дар бораи эҳтимоли интиқоли қудрат дар Тоҷикистон ҳам суҳбат мешавад. Андрей Казантсев, сарходими илмии Пажуҳишгоҳи мутолеоти байналмилалии Донишкадаи давлатии равобити байналмилалии Маскав, қаблан гуфта буд, ки Эмомалӣ Раҳмон писарашро барои интиқоли қудрат омода мекунад, аммо бовар дошт, “ин кори содда нест”.

Тоҷикистону Озарбойҷон сӣ сол боз муносибати дипломатӣ доранд.

XS
SM
MD
LG