Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Украина талафоти шашрӯзаи ҷангро эълон карданд


Намояндаи Вазорати дифои Русия Игор Конашенков дар як нишасти хабарӣ рӯзи 2-юми март дар шаҳри Маскав гуфт, дар давоми шаш рӯзи "амалиёти махсус"-и ин кишвар 1325 иншооти низомии Украина маҳв карда шудааст.

Ба иттилои Конашенков, низомиёни Русия 395 тонк ва техникаи зиреҳпӯш, 59 муҷтамаи мушакии Украинаро аз байн бурданд.

Вазорати дифои Украина низ дар навбати худ 1-уми март гуфт, нерӯҳои ин кишвар 29 ҳавопаймои ҷангӣ, 29 чархбол, 198 тонк, 846 техникаи зиреҳпӯш, 305 мошин, 24 муҷтамаи мушакӣ, 1 муҷтамаи мушакии "БУК", 3 бесарнишин ва 2 киштии Русияро маҳв кардаанд.

Ин ниҳод афзудааст, шумори низомиёни рус, ки дар давоми шаш рӯз кушта ё асир гирифта шудаанд, ба 5710 расидааст. Русия ҳалокати сарбозони худ дар Украинаро тасдиқ кард, вале теъдодашонро ифшо намекунад.

XS
SM
MD
LG