Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як радиоро дар Русия бинобар бозтоби ҳодисаҳои Украина бастанд


Фаъолияти радиои "Эхо Москвы" пас аз интиқоди мақомҳои Русия аз шеваи бозтоби ҳамла ба Украина қатъ карда шудааст.

Мудири масъули радио, Алексей Венедиктов, рӯзи 1-уми март дар "Телеграм" эълон кард, ки фаъолияти ин расона мутаваққиф шуд. Ӯ гуфтааст, дар ин робита ба додгоҳ шикоят мебарад.

"Ҳайати таҳририяи "Эхо Москвы" ба дархостҳои дафтари Додситонии кулл, ки сабаби қатъи нашри барномаҳои радиоӣ шуд, комилан розӣ нестанд," -- гуфтааст Венедиктов, яке аз шинохтатарин рӯзноманигорони Русия.

Русия ҳамчунин фаъолияти шабакаи телевизионии "Дождь"-ро низ қатъ кард ва додситонии кулли Русия алайҳи ин ду расона парванда боз кардааст. Додситонии Русия ин расонаҳоро ба нашри ахбори таҳрикомез барои фаъолиятҳои ифротӣ ва маълумоти нодуруст аз амалкарди низомиёни рус дар Украина муттаҳам кардааст.

Пештар аз ин "Роскомнадзор" -- як ниҳоди назораткунанда бар расонаҳо дар Русия, ки ба сензура низ машҳур аст, бо нашри як хабарнома аз расонаҳои он кишвар хоста буд, ки дар бозтоби ҳодисаҳои Украина, танҳо маълумоти расмии манбаъҳои ҳукумати Русияро нашр кунанд.

Рӯзи 28-уми феврал "Роскомнадзор" пас аз он ки Current Time, як тарҳи Радиои Озодӣ, аз ҳазфи матлабҳо дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина худдорӣ кард, дастрасӣ ба ин расонаро низ маҳдуд намуд.

XS
SM
MD
LG