Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Русия аз рақобатҳои байналмилалӣ берун карда шуд


Федератсияи байналмилалии футбол ва Иттиҳоди созмонҳои футболи аврупоӣ қарор карданд, ки мунтахаби Русия ва ҳам тамоми бошгоҳҳои футболи Русияро аз ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум кунанд.

Дар қарори онҳо гуфта шудааст, ки ин монеа то қарори баъдӣ амал мекунад. Илова ба ин, Иттиҳоди анҷуманҳои футболи Аврупо созишномаи сармоягузориро бо арзиши 40 миллион доллар дар сол бо ширкати «Газпром» қатъ кард.

Моҳи маи соли гузашта ширкати энержии Русия сармоягузори ду сабқати ҷаҳонии Аврупо оид ба футбол ва ҳам Лигаи қаҳрамонҳо буд ва то соли 2024 созишномаи ҳамкорӣ бо УЕФА-ро имзо карда буд.

Қарор буд поёни моҳи март мунтахаби Русия дар бозиҳо барои баромадан ба қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар ширкат мекард. Дар оғоз рақибони онҳо Полша буд ва дар сурати пирӯзӣ бар Полша бояд бо мунтахаби Шведсия рӯбарӯ мешуданд. Ин ду бозӣ қарор буд дар Маскав гузарад. Вале чанд рӯз пеш Полшаву Шведсия гуфтанд, ки бо сабаби ҳуҷум ба Украина, онҳо дар ин бозиҳо иштирок намекунанд.

XS
SM
MD
LG