Мулоқоти ҳайатҳои Украина ва Русия шоми 28-уми феврал дар марзи Беларус ба поён расид. Намояндагони ду тараф пеш аз даври дувуми музокирот барои машварат ба пойтахтҳои худ рафтаанд.
Дафтари матбуоти президенти Украина гуфт, ҷонибҳо “як қатор масъалаҳои калидиро ба таври муфассал баррасӣ карданд”.
Владимир Мединский, раиси ҳайати Русия, гуфтааст, “розӣ шудем, ки музокиротро идома бидиҳем” ва афзудааст, “даври нави мулоқот рӯзҳои наздик дар сарҳади Лаҳистону Беларус баргузор хоҳад шуд.”
Киев мегӯяд, даври дувуми музокирот пас аз мушовира маълум хоҳад шуд. Раёсати ҷумҳури Украина пеш аз музокирот гуфта буд, ки Киев барои оташбаси фаврӣ ва хуруҷи нерӯҳои Русия аз Украина фишор хоҳад овард.
Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамлаи низомӣ кард. Дар шимолу шарқ ва ҷануби Украина даргириҳо миёни артиши Русия ва нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҷараён дорад.
Рӯзи 28-уми феврал тирборони Харков оғоз шуд ва дар бораи кушта ва захмӣ шудани сокинони осоишта гузориш мерасад.
Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва бисёре аз кишварҳои дигари ҷаҳон алайҳи Маскав таҳримҳои иқтисодии нав ҷорӣ карданд. Ба далели таҳримҳои байнулмилалӣ ва сарфи назар аз талошҳои Бонки Марказӣ, қурби рубли русӣ башиддат поин рафтааст.