Бозори "Султони Кабир" ва маркази савдои "Осиё"-ро дар Душанбе бастаанд. Мақомот гуфтанд, 27 ва 28-уми феврал дар онҷо "рӯзҳои санитарӣ" аст ва аз 1-уми марти имсол фаъолияташон қатъ карда мешавад.
Қарори аз байн бурдани "Султони Кабир" ва "Осиё" моҳи ноябри соли гузашта содир шуда буд. Шаҳрдорӣ гуфт, бо ин кор се кӯчаи пойтахтро ба "талаботи меъморию шаҳрсозии муосир" мувофиқ карда, "ҳаракати бемамониати мошинҳо"-ро таъмин мекунанд.
Сокинону тоҷирон аз тасмим норозӣ ҳастанд. Чанде аз савдогарон гуфта буданд, аз онҳо хоста шудааст, ба бозори нави "Кушониён" дар шимоли Душанбе бираванд.
Бар асоси санадҳое, ки Радиои Озодӣ се сол пеш ба он даст ёфтааст, молики бозори "Кушониён" ширкати "Фароз", ширкати мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, аст. Вале Муҳаммадшоҳ Давлатшоҳзода, раиси бозори "Кушониён" соли 2019 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "бозорро чанд нафари алоҳида ташкил кардаанд" ва яке аз саҳмдорон худи ӯст.
"Султони Кабир" яке аз бозорҳои асосии фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон буд. Онро соли 2000 сохтанд ва дар онҷо 1500 нафар кор мекарданд.
Дар Душанбе дар давоми беш аз даҳ соли охир чанде аз бозорҳо, аз ҷумла, "Шоҳмансур", "Баракат" ва "Ҷал-Ҷам" вайрон карда шуда, дар ҷойи онҳо боғ ё биноҳо сохта шудаанд.
Тасмими тахриби бозорҳо ва ба ҷойи дигар кӯчонидани тоҷирон ҳамеша бо нигаронӣ ва норозигии фурӯшандаҳо ҳамроҳ будааст. Тоҷирон шикоят доранд, ки дар пайи чунин тағйирот бе ҷойи кор мемонанду намедонанд қарзҳояшон аз бонкро чӣ гуна баргардонанд.