Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Финландия ҳарими ҳавоияшро ба рӯйи Русия мебандад


Ҳелсинки, 26-уми феврали 2022
Ҳелсинки, 26-уми феврали 2022

Финландия дар пайравӣ аз давлатҳои дигари аврупоӣ барои муҷозоти Русия ҳарими ҳавоии худро ба рӯйи ин кишвар мебандад. Ғарб Русияро ба таҷовуз ба хоки Украина гунаҳкор медонад.

Вазири нақлиёти Финландия, Тимо Ҳаракка, 26-уми феврал дар Твиттер навишт, ки ба бастани ҳарими ҳавоии худ барои ҳаракати ҳавопаймоҳои Русия омодагӣ мегиранд, аммо нагуфт, ки ин чора кай амалӣ мешавад. Финландия бо Русия 1300 километр марз дорад.

То ин дам Булғористон, Чехия, Эстония, Олмон ва Лаҳистон ҳарими ҳавоии худро ба парвози ҳавопаймҳои Русия бастаанд. Маскав низ дар навбати худ парвози ҳавопаймоҳои ин кишварҳоро дар фазои худ манъ кардааст.

Хабаргузории Reuters аз қавли як мақоми Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, манъи парвози ҳавопаймоҳои Русия дар осмони Иттиҳод метавонад, бахше аз бастаи нави таҳримҳо алайҳи Маскав бошад.

Қарор аст, Финландия фиристодани ҷавшан ё либоси тирногузар (бронежилет), кӯлоҳ ва беморхонаи сайёрро ба Украина низ тасдиқ кунад.

XS
SM
MD
LG