Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия қатъномаи маҳкумкунандаи ҳуҷум ба Украинаро вето кард


Тифлис, Гурҷистон. 25 феврал дар майдони марказии шаҳр ҳамоиш ба нишони пуштибонӣ аз Украина барпо шуд
Тифлис, Гурҷистон. 25 феврал дар майдони марказии шаҳр ҳамоиш ба нишони пуштибонӣ аз Украина барпо шуд

Русия қатъномаи Шӯрои амнияти СММ-ро, ки ҳуҷумаш ба Украинаро маҳкум мекард, вето кард. Дар овоздиҳӣ барои қабули қатънома 11 кишвари узв ба тарафдорӣ овоз дода, се кишвар – Ҳинд, Чин ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ худдорӣ варзиданд.

Линда Томас-Гринфилд, намояндаи доимии ИМА дар СММ дар робита бо қабул нашудани қатънома изҳори таассуф ва таъкид намуд, ки худи СММ баъди хатми Ҷанги дуюми ҷаҳон маҳз ба хотири пешгирӣ аз ҷангҳои монанд ба оне, ки ҳоло дар Украина мегузарад, ташкил шуда буд.

Бо пешниҳоди Сергей Кислитса, намояндаи Украина дар СММ, дар робита бо қурбониён дар Украина як дақиқа сукут эълон шуд. Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небезня гуфт, ки “Русия бо Украинаву мардуми Украина ҷанг намекунад” ва, ба гуфтааш, “амалиёти вижаи низомиии Русия” базудӣ ба ҳадафаш мерасад. Ӯ тарҳи қатъномаро “зиддирусӣ ва зиддиукраинӣ” номид ва гуфт, ки он ба “манфиати мардуми бумии Украниа нест, чунки талош дорад ҳукуматеро наҷот диҳад, ки ин кишварро ба фоҷеа овард”.

Небезня инчунин пойфишорӣ кард, ки дар ҷараёни ҳодисаҳои Украина «тасдиқи марги афроди мулкӣ вуҷуд надорад». То ҳол мақомоти Русия таъкид кардаанд, ки танҳо муассисаҳои низомӣ ва сохторҳои вобаста ба қувваҳои мусаллаҳи Украинаро ҳадаф қарор додааст.

Ин дар ҳолест, ки шоми 25 феврал мақомоти шаҳри Ахтирка дар вилояти Суми гуфтанд, ки аз оташи низоми мушакҳои «Ураган»-и Русия дастикам 5 нафар, аз ҷумла як кӯдак кушта шуда, тахминан 20 кас захмӣ гардиданд. Яке аз муассисаҳое, ки ҳадафи оташ қарор гирифт, кӯдакистон буд. Небезня иддао мекард, ки ҳодисаи оташкушоӣ ба сӯи кӯдакистон тасдиқ нашуд.

Рӯзи 25 феврал СММ гуфт, дар Украина талафоти афроди мулкӣ 127 нафар, аз ҷумла, 25 куштаву 102 захмиро ташкил додааст. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи Русия ба кишвараш аз 24 то 25 феврал 137 нафар низомӣ ва ғайринизомӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG